Як узви боздоштшудаи “Гуруҳи 24” дар Финландия раҳо шуд

Сулаймон Давлатов, як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми узвият дар “Гуруҳи 24” аз сӯи Интерпол боздошт шуда буд, озод гардидааст. Ин хабарро ҷонибдорони гуруҳ тасдиқ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сулаймон Давлатов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли ҷорӣ бо иттиҳоми узвият дар "Гуруҳи 24" дар Финландия боздошт шуда буд, раҳо гардидааст, бо такя ба тарафдорони "Гуруҳи 24" менависад Радиои Озодӣ.

Вход в здание суда района И. Сомони. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муттаҳам дар узвияти “Гуруҳи 24” 17.5 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Давлатов аз сӯи Интерпол бо дархости Душанбе боздошт шуда буд. Вай ба ҷуз аз узвият дар "Гуруҳи 24", ҳамчунин дар ҷалби шаҳрвандон ба ҳаракатҳои мусаллаҳонаи террористию экстремистӣ низ гумонбар дониста мешуд, навиштааст Озодӣ.

Ин шаҳрванд 31 сол дошта, зодаи шаҳри Ваҳдат будааст. Ҳаммаслакони вай мегӯянд, Сулаймон дар пайи таъқиби аъзои ин гурӯҳ аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Финландия рафта буд, аммо 20 феврали соли ҷорӣ аз сӯи пулиси байналмилалӣ боздошт шуд.

Радио бо такя ба қавли ҷонибдорони "Гуруҳи 24" хабар медиҳад, ки дар дархости ҷониби Тоҷикистон ба Интерпол таъкид шудааст, Сулаймон Давлатов гӯиё барои ҷалби ҷавонон барои иштирок дар ҷангҳои Сурия даст дорад. Иттилое, ки ба қавли тарафдорони "Гуруҳи 24" тасдиқи худро наёфтааст.

То кунун мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошт ва раҳоии Сулаймон Давлатов ҳарфе нагуфта ва шарҳ надодаанд, ки раҳоии ин узви "Гурӯҳи 24" далели чист, навиштааст Озодӣ.

Саҳифаи Шарофиддин Гадоев дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарии “Гурӯҳи 24”-ро Шарофиддин Гадоев ба ӯҳда гирифт

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як ду моҳи охир се узви ин гурӯҳро аз 16.5 то 17.5 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 13 март Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримов ва як ҳафта пештар аз он Умедҷон Салиҳовро ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Гуруҳи 24" ва ҳифзи як акси таҳқиркунандаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар компютер аз озодӣ маҳрум кард.

"Гуруҳи 24", ки раҳбарияшро Умаралӣ Қувватов соҳибкори фирорӣ бар ӯҳда дошт ва шаби 5 ба 6 март дар Истамбул кушта шуд, дар моҳҳои август ва сентябри соли 2014 дар чандин шаҳри Русия, аз ҷумла дар Новосибирск, Екатеринбург, Самара, Саратов ва Маскав силсилаи гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷикро бо талаби истеъфои ҳукумати кунунии Тоҷикистон баргузор карда буд.

"Гуруҳи 24" рӯзи 10 октябри соли 2014 дар маркази Душанбе низ як гирдиҳамоӣ алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз чанд рӯзи пеш тадобири амниятиро дар атрофи пойтахт афзоиш дода, худи "Гуруҳи 24"-ро бо қарори Додгоҳи олӣ экстремистӣ ва мамнӯъ эълон карданд. Дар натиҷа, рӯзи 10 октябр дар соате ки "Гуруҳи 24" даъват карда буд, касе ба гирдиҳамоӣ дар майдони марказии Душанбе ҳозир нашуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала