Президент Раҳмон аз муъҷизакории Ли Куан Ю тавсиф кард

Дар пайи марги сарвазири Сингапур Ли Куан Ю, ки аз вай ба унвони “асосгузори Сингапури мудерн” ном мебаранд, президент Эмомалӣ Раҳмон ба бозмондагони вай номаи тасаллият ирсол кардааст.

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ли Сянлун, сарвазири Ҷумҳурии Сингапур бинобар даргузашти падараш, сарвазири пешини Сингапур Ли Куан Ю барқияи изҳори тасаллият кардааст, менависад сомонаи раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи Урдун изҳори тасаллият кард

Раисҷумҳур Ли Куан Юро "офаринандаи муъҷизаи сингапурӣ" ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои минтақа ва ҷаҳон хонда, гуфтааст, ки ӯ буд то Сингапурро аз як кишвари ақибмонда ба яке аз давлатҳои пешрафтаи минтақаи Осиё табдил дод.

"Дар ин лаҳзаҳои сангин, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро бо ин талафот ба мардуми дӯсти Сингапур изҳор медорам. Ба Шумо, наздикон ва пайвандони падари марҳуматон тасаллиёти амиқу самимии хешро баён менамоям", — омадааст дар тасаллияти президент.

Ли Куан Ю, сарвазири пешини Сингапур, ки аз ӯ бо унвонҳои "падари миллати Сингапур", "меъмори Сингапури мудерн" ном мебаранд, 23-юми март, дар синни 92-солагӣ дунёро тарк гуфт. Бинобар даргузашти Ли Куан дар Сингапур мотами 7-рӯза эълон шудааст.

Ли Куан Ю, ки 31 сол идораи давлати Сингапурро дар даст дошт, тавонист кишварашро аз як ҷазираи кучак, ки тақрибан ҳеч захоири қобили зикри табиӣ надошт ба як давлати пешрафтаи ҷаҳон табдил бидиҳад. Тамоми роҳбарони кишварҳои Ғарб ин ҳунари ӯро эътироф кардаанд.

Раиси ҷумҳур ба хешовандони Сӯҳроб Шарипов изҳори тасаллият кард

Ли Куан Ю соли 1959 раҳбари Сингапури тоза ба истиқлолрасида гардид, ки дар ин замон кишвар дар фасод ғӯтида буд ва оянда барои пешрафт пешгӯйӣ намешуд. Дар ибтидои солҳои раҳбарии ӯ Сингапур аз тобеияти Малайзия берун гардид. Пойгоҳи ҳарбии Бритониё он ҷоро тарк кард.

Ли Куан Ю 16 сентябри соли 1923 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи милии Сингапур ва донишгоҳи бонуфузи Кембриҷи Инглистон мебошад. Соли 1959 ба Сингапур баъди таҳсил аз Бритониё бармегардад ва баъди чанд муддати кор Ҳизби иқдоми халқро таъсис медиҳад, ки дар соли 1959 ӯро ба қудрати сиёсӣ мерасонад. Солҳои 1959-1990 Сарвазири Сингапур буд. Тайи солҳои 1990-2004 дар ҳукумати Го Чок Тонга вазири бузург буд. Дар ҳукумати писараш Ли Сиянлун тайи солҳои 2004-2011 мақоми вазир-менатор (роҳбари маънавӣ)-ро дошт.

Ли Куан Ю ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Сингапур бо Ква Геок Чу ошно мешавад, ки баъдан издивоҷ мекунанд. Ҳосили ин издивоҷ се фарзанд: як духтар Ли Сян Ян ва ду писар Ли Сян Лун ва Ли Вэй Линг мебошад.

Рӯзи якшанбе, 29-уми март маросими дафни ӯ баргузор мешавад. То он рӯз тобути Ли Куан Ю дар парламенти ин кишвар барои видоъ гузошта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала