Дар Суғд сохтмони шаҳри замонавӣ оғоз шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВ Согдийской области основан новый городок под названием Сайхун
В Согдийской области основан новый городок под названием Сайхун - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри нав, мутобиқи лоиҳа, барои зиёда аз 40 ҳазор оила манзилу зербинои кору фаъолият сохта мешавад.

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сохтмони Сайҳун ном шахри нави замонавӣ имрӯз дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд оғоз гардид, иттилоъ медиҳад сомонаи президенти Тоҷикистон.

Нахуст бо нақшаи шаҳри нав Эмомалӣ Раҳмон шинос шуда, ба бунёди он асос гузошт ва пешниҳод намуд, ки он Сайҳун номида шавад.

"Дар шаҳри Сайҳун 19 қасаба ё худ микрорайон, 17 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 31 кӯдакистон ва ширхоргоҳ, 140 маркази савдою хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, терминали нақлиёти мусофиркаш ва бозору дигар зербинои зарурӣ бунёд хоҳад шуд", — зикр гаштааст дар сомона.

Ин мавзеи фарох дорои 14 ҳазор гектар заминҳои хушк аст, ки мавриди обёрию ободонӣ қарор гирифта, дар 3 ҳазор гектари он маҳаллаҳои истиқоматӣ бунёд меёбанд. Дар марҳилаи аввали бунёди шаҳр дар 1 ҳазор гектар замин биноҳои истиқоматӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маъмурӣ сохта мешаванд.

Барои бунёди ин шаҳр ва обёрию ободонии он, тавре зикр гаштааст, се пойгоҳи обкашӣ сохта ба кор дароварда мешавад. Об аз ду тои онҳо, ки аллакай омада шудаанд, имрӯз бо дасти Эмомалӣ Раҳмон ба ин заминҳо сар дода шуд.

"Дар 1 ҳазор гектар заминҳои атрофи шаҳри Сайҳун боғҳои интенсивии зардолую сияҳолу ва шафтолую бодом, ки меваҳои содиротӣ ба шумор мераванд, бунёд карда мешавад. Обёрию ободонии ин мавзеъ дар се марҳила сурат гирифта, маҷмӯан дар 7 ҳазор гектари он боғҳои интенсивии содиротӣ қомат хоҳанд афрохт. То имрӯз аллакай дар зиёда аз 100 гектари ин мавзеъ боғҳои нав бунёд ёфтаанд", — иттилоъ медиҳад сомонаи раисҷумҳур.

Дар шаҳри нав, мутобиқи лоиҳа, барои зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он манзилу зербинои кору фаъолият сохта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0