Аэробуси А320-и Олмон дар Алп нопадид шуд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳавопаймои ширкати Germanwings бо 150 сарнишин ё мусофир дар куҳҳои Алпи Фаронса суқут кард, ки ба эҳтимоли зиёд ҳеч нафаре аз сарнишинон зинда намондааст.

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Як ҳавопаймои марбут ба ширкати Germanwings-и Олмон 24 март дар куҳистонҳои Фаронса суқут кард, ки дар натиҷа 150 сарнишини он кушта шуданд, менависад РИА Новости.

Аэробуси А320-и Олмон рӯзи сешанбе дар кӯҳистонҳои Алпи Фаронса бо 150 сарнишин, ба шумули 2 халабон ва 4 пешхидмат суқут кардааст. Мақомот мегӯянд, ки ҳавопаймои парвози GWI18G аз радар нопадид шудааст.

Бино бар асоси бархе аз хабарҳо, бештари сарнишинони ҳавопаймо олмониҳо будаанд.

Президенти Фаронса Франсуа Олланд, билофосила гуфт, ба "эҳтимоли зиёд" касе аз сарнишинон зинда намондааст.

Ин ҳавопаймо аз шаҳри Барселона ба Дюселдорф парвоз мекард.

Тафсилоти бештар баъдтар нашр мешавад.

Лентаи хабарҳо
0