ВКД: беш аз 4 кило нашъа кашфу мусодира гардид

Тайи як амалиёти вижаи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти интизомӣ беш аз 4 кило маводи мухаддира забту мусодира шуд.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир як сокини шаҳри Исфара боздошт гардид, менависад сомонаи Вазорати умури дохила.

Ба иттилоъи манбаъ, аснои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ, дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт сокини 26-солаи шаҳри Исфараро, ки пеш бо моддаи 199 КҶ ҶТ суд шудааст, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд.

"Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи ӯ 4 килою 560 грамммаводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд",- афзуд манбаъ.

Дар қиболи боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала