БОР мегӯяд, таваррум дар ҶТ дар соли 2015 ба 10 дарсад баробар мешавад

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Надоштани роҳи баромад ба баҳр ва майдони маҳдуди заминҳои кишт, инчунин адами заминаи саноатӣ Тоҷикистонро дар пешорӯи чолишҳои навбатӣ ба мушкил мувоҷеҳ месозад.

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Рушди иқтисодиёт дар Тоҷикистон дар соли 2014 ҳудуди 6,7% таназзул ёфт (соле қабл ин нишондод ба 7,4% баробар буд), омили аслии ин мушкилот коҳиши интиқоли маболиғи муҳоҷирин ва кам шудани содироти алюминий ва пахта мебошад, омадааст дар гузориши иқтисодии солонаи Бонки Осиёии Рушд.

Нашрияи маъруфи иқтисодии БОР- "Шарҳи рушди Осиё" пешгӯӣ мекунад, ки дар соли 2015 ММД (Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) то 4 дарсад ва дар соли 2016 ҳудуди 4,8% коҳиш меёбад.

БОР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БОР ба ислоҳоти низоми омӯзиши касбӣ фаннӣ $20 миллион иттихоз мекунад

"Таназзули феълии иқтисодиёт бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бояд аз захоири дохилӣ истифода карда, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданокро зиёд намояд. Ҳамин тавр, бо ин роҳ содироти молро бештар сохта, вобастагии беруниро кам кунад,-иброз дошт намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си Си Ю. — Татбиқи ин тарҳ ислоҳоти сохториро барои ҷалби таваҷҷӯҳи сармоягузорӣ ва омода кардани ҷойҳои нави корӣ дар кишвар тақозо мекунад".

БОР дар татбиқи чораҳои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон ба ҶТ кӯмак мекунад

Гуфта мешавад, таваррум дар соли 2015 то 10% боло рафта, соли 2016 то 6,7 фоиз коҳиш меёбад. Соли 2014 таваррум ба 6,1% дар нисбати 5,1% соле қабл аз он баробар шуда буд.

"Шарҳи рушди Осиё" таҳлили комплексии макроиқтисодии Осиё ва кишварҳои минтақаро дарбар мегирад.

Тоҷикистон расман дар соли 1998 ба аъзогии БОР шомил гардид. Ин ниҳоди байналмиллалии молӣ то имрӯз барои рушди бахшҳои мухталифи кишвар ҳудуди беш аз 1,3 миллиард доллари амрикоӣ дар шакли қарзҳои имтиёзнок, кӯмаки фаннӣ ва бурсҳо ҷудо кардааст. 

Лентаи хабарҳо
0