Маҳалли сукути Airbus A320. Навор аз дохили чархбол гирифта шудааст

Дар Фаронса сабабҳои сукути ҳавопаймо, ки боиси марги 150 нафар гардид, идома дорад. Навори мазкур аз маҳалли сукути Airbus A320 дар кӯҳҳои Алп бардошта шудааст.

Коршиносони Дафтари таҳқиқоти садамаҳои ҳавопаймоҳои Фаронса аллакай сабти аввалин қутии сиёҳи аэробусро дастрас кардаанд, иброз дошт намояндаи ин ниҳод рӯзи чаҳоршанбе.

"Мо маълумоти заруриро барои истифода дар таҳқиқоти баъдӣ ба даст овардем",ғгуфт сарвари Дафтари ин ниҳод Реми Жюти.

"Ин кори тӯлонӣ аст. Шояд барои эъломи натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқот ҳафтаҳо ва моҳҳо зарур шавад. Мо ҳама аснод ва маълумотро меомӯзем, хулосаҳо месанҷем ва аз ҳама имконият истифода мебарем",- афзуд ӯ.

Коршиноси фаронсавӣ гуфт, мутахассисон сабтро ба даст овардаанд, аммо барои эълони хулосаи ташхис ҳанӯз барвақт аст. Ҳамзамон, вай аз ироаи маълумот дар бораи давомнокии сабт ва бо кадом забон сурат гирифтани он худдорӣ кард.

Airbus A320 мутаалиқ ба ширкати олмонии Germanwings рӯзи сешанбе дар минтақаи душворгузари кӯҳистони Алпи Фаронса суқут кард. Аснои садама150 нафар мусофир (бо шумули 6 сарнишини ҳавопаймо), ки аз Барселона ба Дюсселдорф парвоз мекарданд, ба ҳалокат расиданд.

Маълумоти муфассалро аз нишонии зер дар сужаи Sputnik пайдо карда метавонед>>

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала