Тоҷикон дар Яман: моро берун баред!

© AP / Hani MohammedПоиски выживших в районе аэропорта Саны, который подвергся авианалету ВВС Саудовской Аравии. 26 марта 2015 года
Поиски выживших в районе аэропорта Саны, который подвергся авианалету ВВС Саудовской Аравии. 26 марта 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як табиби тоҷик дар Яман мегӯяд, тамоми шабро бо ҳароси он ки бо онҳо чӣ хоҳад шуд, паси сар кардаанд. Ӯ хост, мақомоти Тоҷикистон онҳоро аз Санъо, ки зери ҳамлаҳои Саудист, берун бикашад.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар пойтахти Яман машғули кору зиндагиянд, аз мақомоти кишвар хостанд, онҳоро ҳарчӣ зудтар аз Санъо берун оранд, менависад "Радиои Озодӣ".

ВАО: Гулрухсор Рофиева, табиби тоҷик аз асорат раҳо шуд

Ин шаҳрвандон мегӯянд, дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Саудия ва муттаҳидонаш алайҳи шӯришиёни шиаи ҳусӣ дар Яман ҳаёташон зери хатар аст ва дар ин ҳолат ниёз ба кӯмак доранд.

Шаҳноза, як табиби тоҷик, ки ҳамроҳи хоҳар ва ду духтараш дар Санъо ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунад, дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфтааст, тамоми шабро бо бедорхобӣ паси сар кардаанд.

"Ҳоло субҳ дамид ва кӯдакон аз хастагӣ хоб рафтанд. Аммо тамоми шаб аз тарси он ки бо мо чӣ хоҳад шуд, хобамон набурд", — афзудааст ин табиби тоҷик.

Ба боварии Шаҳноз, камаш сад табиби тоҷик дар пойтахти Яман машғули коранд ва ҳамаи онҳо мисли вай ва хоҳару духтаронаш дар вазъияти вазнине қарор доранд. Қаблан гуфта мешуд, дар Яман тақрибан 70 табиб аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва бо аҳли хонаводаҳояшон шумори ҷамъияти тоҷикон дар Яман ба тақрибан 200 нафар мерасад.

Ин табиби тоҷик гуфт, дар гузашта таҷрубаи берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман тавассути мақомоти Русия вуҷуд дошт.

"Вале ҳоло дар Яман шаҳрвандони Русия хеле кам мондаанд ва маълум нест, оё Маскав барои берун овардани онҳо ҳавопаймо хоҳад фиристод ва ё на. Гузашта аз ин, хабарҳо баёнгари онанд, ки роҳҳо баста ва фурудгоҳи Санъо низ хароб шудааст", — изҳор доштааст Шаҳноза.

Вай илова кардааст, хонаводааш дар Тоҷикистон аз вазъашон огоҳ шуда, сахт дар изтиробанд ва пайваста телефонӣ сӯҳбат мекунанд. Аммо ба гуфтаи Шаҳноза, ҳанӯз аз мақомоти тоҷик касе бо онҳо дар тамос нашуда ва нагуфтааст, оё қасди берун овардани онҳоро аз Яман доранд, ё не.

То кунун мақомоти Тоҷикистон дар бораи вазъи шаҳрвандони худ дар Яман расман изҳори назар накардаанд. Аммо бозгашт ба мавзӯи Яман дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Гулрухсор Рофиева, як табиби тоҷик, баъд аз чор моҳи боздошташ ба дасти гурӯҳе дар ин кишвар бо талошҳои Душанбеву Санъо озод ва ба ватан баргашт.

Ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш рӯзи панҷшанбеи 26 март нерӯҳои чирикии қабилаи шиаҳои ҳусиро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Матбуоти Саудӣ навиштанд, ин кишвар зидди шӯришиёни шиаи ҳусӣ 100 ҳавопаймои ҷангӣ, 150 ҳазор сарбоз ва нерӯҳои дарёии худро сафарбар кардааст. Ҳусиҳо, ки таҳти ҳимояти Эрон қарор доранд, тайи моҳҳои охир қисматҳои бузурге аз Яман, бо шумули пойтахташ, Санъоро тасарруф карда, раиси ин ҷумҳурӣ Мансур Ҳодиро маҷбур ба тарки пойтахт карданд.

Лигаи Араб, ки 35 кишвари арабиро муттаҳид мекунад, аз амалиёти таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман пурра пуштибонӣ кард. Амрико низ аз забони вазири умури хориҷааш Ҷон Керрӣ аз иқдоми низомӣ дар ин кишвари арабӣ ҳимоят намудааст. ​

Аммо Эрон хостори қатъи фаврии амалиётҳо дар Яман шуда, гуфтааст, барои таҳти назорат гирифтани бӯҳрони ин кишвар тамоми талошҳои лозимро хоҳад кард. ИСНО, хабаргузории донишҷӯёни Эрон аз қавли вазири умури хориҷаи ин кишвар Муҳаммадҷавод Зариф навиштааст, ӯ ҳамлаҳои таҳти раҳбарии Саудияро "алайҳи истиқлоли Яман" медонад.

Лентаи хабарҳо
0