Тоҷикистон содироти нахи пахтаро афзоиш дод

Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор тонна нахи пунбаро содир кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23,5% бештар аст.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Содироти нахи пахта аз Тоҷикистон дар моҳҳои январу феврали соли 2015 дар ҳаҷми 20,5 ҳазор тонна ва ё ба маблағи $26 миллион сурат гирифтааст, омадааст дар гузориши вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон.

Дар таносуби миқдори нахи пахтаи содиротӣ Тоҷикистон нишондоди соли гузаштаро ба 23,5% афзоиш додааст, вале дар маблағ ин мизон 7,5% дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Дар ду моҳи аввали соли 2014 аз Тоҷикистон 16,6 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи $28,1 миллион содир шудааст.

Арзиши миёнаи 1 тонна нахи панбаи содиротӣ аз Тоҷикистон $1268 будааст, ки нисбати моҳҳои январу феврали соли гузашта $424 арзонтар мебошад ва он замон 1 тонна нахи панба ба таври муттавасит $1692 қиммат дошт.

Ба иттилои вазорати рушди иқтисодӣ, ҳамасола мизони содироти пахтаи тоҷик коҳиш меёбад. Ба унвони мисол, агар дар соли 2012 Тоҷикистон 144 ҳазор тонна нахи панбаро содир карда бошад, дар соли 2013 мизони содироти он то ба 114,5 ҳазор тонна коҳиш ёфта ва дар соли 2014 ин мизон то 86,4 ҳазор тонна пойин рафтааст.

Дар ин ниҳод тавзеъ доданд, ки раванди коҳиши мизони содирот ба коҳиши арзиши "тиллои сафед" марбут аст, ки дар тӯли се соли ахир аз $1700 боло нарафтааст. Қиммати феълии он дар музоядаҳо бо дарназардошти содироти нахи панба дар моҳи май, ба иттилоъи пойгоҳи Forex Master $1394 барои як тонна мебошад.

Беш аз се соли қабл пахта дар миёни анвои содиротии Тоҷикистон пешсафиро аз даст дода, саҳми он аз 30-40% то ба 10-15% коҳиш ёфт.

Дар соли 2014 ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар кишвар ҳудуди 390 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки нисбати соли 2013 панҷ ҳазор тонна камтар аст. Дар соли ҷорӣ кишоварзон қасд доранд ҳамин миқдор пахта ҷамъоварӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала