Маркази обуҳавошиносӣ: се рӯзи оянда ҳаво сардтар мешавад

© SputnikБоду ҳавои Тоҷикистон
Боду ҳавои Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сар аз имрӯз, 27 март, то 29 март дамои ҳаво дар манотиқи кишвар пойин меояд.

ДУШНАБЕ, 27 мар — Sputnik. Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон то 3 рӯзи оянда дар кишвар боришоти сахтро пешгӯӣ кардааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Тибқи иттилои ин марказ, 27 март ҳаво дар саросари манотиқи Тоҷикистон абролуд буда, бегоҳӣ борони сахт ва фаромадани туман пешбинӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, ҳарорати ҳаво санаи 27 март, рӯзона 13 дараҷа ва шабона 5-7 дараҷа гарм мешавад.

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон меафзояд, шабонарӯзи 28 ва 29 март ҳаво абролуд шуда, боришоти шаддид дар назар аст.

"Ҳаво шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад", — таъкид мекунад марказ.

Ба иттилои ин ниҳод, 28 март ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 12-14 дараҷа, вилояти Суғд 11-13, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12-14 дараҷа, ғарби ВМКБ 9-11, шарқи вилояти Бадахшон 3-5 ва шаҳри Душанбе 10-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0