Хутба дар намози ҷумъа: Ҳизби наҳзати исломӣ баста шавад!

© SputnikРамзи ҲНИТ дар қароргоҳаш дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Рамзи ҲНИТ дар қароргоҳаш дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Матне, ки барои қироат дар намози ҷумъа омода шудааст, бастани ҲНИТ-ро пешниҳод мекунад.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Муаллифи матни хутбаи намози ҷумъа барои 27 марти соли 2015 пешниҳод кардааст, раъйпурсӣ гузаронда ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад, менависад оҷонсии "Озодагон".

Нашрияи расмии Тоҷикистон бохти ҲНИТ дар интихоботро шарҳ дод

Аз матни хутбаи намози ҷумъа, ки дастраси оҷонсӣ шудааст, бармеояд, мавзӯи хутба дар масоҷиди ҷомеи кишвар барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.

Матни хутба дар 4 саҳфаи андозаи А-4 бо имзои Мавлонов А. В. (бо эҳтимоли зиёд Абдураҳмон Мавлонов, корманди Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим) таҳия шудааст бо унвони "Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост" бо иқтибос яз як гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон — "Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон" оғоз мешавад.

Дар ин мавъиза аз натоиҷи интихобот ба Маҷлиси Намояндагон истиқбол шуда, чунин гуфта мешавад.

"Шумо худ огоҳед, ки дар интихоботи вакилон ба парлумони кишвар мардуми шарифи тоҷик барои ояндаи неки фарзандон, ободии ватани азиз овоз дода, дар интихоби худ хато накард. Чунонки аз натиҷаи интихобот маълум гашт, шаҳрвандон асосан ба ҳизбе овоз доданд, ки натиҷаи фаъолияташро бо чашми сар мушоҳида намуда, ояндаи Тоҷикистонро дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат мебинад", — омадааст дар ин матн.

Дар ин матни хутба раъй надодани мардум ба ҳизби исломиро интихоби роҳи дуруст маънидод шуда, зикр мешавад, ки "дар интихоботи гузашта мардум ба ҳизби исломӣ ва дигар гуруҳҳое, ки фақат ваъдаҳои хом медоданд овоз надод. Зеро одамон аз асли масъала воқиф гаштанд".

Муаллифи ин матн касонеро, ки ба ҳизби исломӣ райъ додаанд ҷудоихоҳ хондааст.

Нишони ҲНИТ дар бинои марказии ҳизб дар пойтахти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои сиёсии ҲНИТ: “интихобот ношаффоф ва ғайриозод буд”

"Мағлубияти ҳизби исломӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷуз аз чанд нафар ҷудоихоҳон дигар касе тарафдори чунин ҳизб нест. Мо медонем, ки ба гуруҳҳо қисмат намудан ва аз номи Ислом сухан гуфтанҳо чӣ натиҷа медиҳад", — омадааст дар хутба.

Бо хитоб дар ин навишата гуфта мешавад, "бародарони аҳли ислом, рӯзҳои талхи солҳои навадумро аз хотир набароред! Кадом гуруҳҳо мардумро ба ду майдон кашида, тоҷиконро ба хун оғушта карданд, ба ҳама маълум аст. Танҳо ҷоннисорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳ овард ва имрӯз мардум дар диёри ободу осоишта умр ба сар мебаранд. Ин неъмати бузург — сулҳи тоҷиконро мо бояд ба чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва шукронаи онро ба ҷо орем".

"Интихобот нишон дод, ки халқи тоҷик ба Ҳизби наҳзати исломӣ ҳеч ниёз надорад ва умуман ҳар амале, ки дар он амри Паёмбар (с) ворид нашуда бошад, қобили қабул нест", — менависад муаллиф.

Дар ин матн пешниҳод мешавад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад, зеро дигар зарурати фаъолияти он намондааст.

"Алҳамдулиллоҳ мо ҳама мусулмонем ва ҳамин бароямон кофист", — гуфтааст муаллиф.

Раиси КМИР: навори “ҷангу сулҳ”-и ҲНИТ хилофи қонун аст

"Биёед ҳама дастаҷамъона дархост намоем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳҳои қонунии ин масъаларо дарёфт намояд. Бигзор тариқи райъпурсии умумихалқӣ одамон изҳор намоянд, ки дигар ба ягон ҳизби ба ном "исломӣ" ниёз надоранд", — зикр шудааст дар матн.

Муаллифи ин матн қайд кардааст, "бовар дорам пешниҳоди маро оиди тариқи райъпурсии умумихалқӣ барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамагон дастгирӣ мекунанд, зеро интихоботи гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизби исломӣ дар ҷомеаи мо умуман нуфуз надоштааст. Бигзор дар Тоҷикистон як ҳизб бошаду самаранок бошад".

Муаллифи ин маъвиза вуҷуди ҳизбҳои исломиро дар Афғонистон, Покистон, Миср, Ироқ, Сурия Тунис ва Либия омили аслии муноқишаҳои мазҳабӣ қаламдод мекунад, ки дар натиҷа ҷангҳо ва хунрезиҳо сар задаанд. Ҳодисаҳои Укроин ҳам аз назари ин муаллиф фирефта шудани мардум ба суханҳои гуруҳҳои муғриз будааст.

Дар матни мазкур ба таври расмӣ ишора нашудааст, ки онро Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои масоҷиди ҷомеъ таҳия ва пешниҳод намудааст.

Лентаи хабарҳо
0