Роҳзанӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

© SputnikДоллари амрикоӣ ва сомонии тоҷикӣ
Доллари амрикоӣ ва сомонии тоҷикӣ - Sputnik Тоҷикистон
Се нафар ҷавонони аз 22 то 27 сола шаби 25 март ба манзили як сокини 48 солаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ворид шуда, дар маҷмуъ 15000 сомонии ӯро рабудаанд.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бо гумони содир кардани ҷинояти роҳзанӣ 3 нафар аз сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (собиқ Колхозобод) боздошт шудааст, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

Ба иттилои сомона, 25 марти соли ҷорӣ, соати 02:00-дақиқа, шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматии зани 48-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ гардида, ӯ ва духтари 17-солаашро лату кӯб намудаанд.

"Аз дохили сандуқи оҳанинаш маблағи пулии 4100 сомонӣ, 15000 рубли Федератсияи Россия, 200 доллари ИМА ва ҷавоҳиротҳои тиллогин, ҷамъ ба маблағи 15000 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", — менависад сомона.

Кормандони милиса аз пайи кушодани ин ҷинояти роҳзанӣ шуда, 26-уми март се нафар сокинони ҳамин ноҳия ҷавонони 27, 24 ва 22-соларо, ки қаблан суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дастгир намудаанд.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала