Парвандаи сардори дидбонгоҳи Панҷ ба додгоҳ рафт

© Sputnik / Валерий ЯрмоленкоГраница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж
Граница Таджикистана с Афганистаном по реке Пяндж - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парванда алайҳи сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 26 10-и ноҳияи Панҷ, ки 4 сарбози он дар асорати Толибон қарор доранд, ба додгоҳ фиристода шудааст.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Додситони низомии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ алайҳи Алимуҳаммад Додокалонов, сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 26 10-и ноҳияи Панҷро, ки авалҳои соли равон боз карда буд, ба додгоҳ фиристод, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Ҳарбиҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сарбозони асири тоҷик ба умқи Афғонистон интиқол ёфтанд

Маҳмадалӣ Алимардон, додситони низомии вилояти Хатлон 27 март ба радио гуфтааст, парванда алайҳи Алимуҳаммад Додокалонов пеш аз Наврӯз ба додгоҳи ноҳияи Панҷ фиристода шуда, ҳоло пас аз таътилоти наврӯзӣ, ба баррасии парванда шурӯъ кардаанд.

Ин додситон афзудааст, ки Алимуҳаммад Додокалонов тибқи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — 391, қисми 3 банди "б" сӯистифодаи ваколати мансабӣ, ки боиси дигар оқибати вазнин гаштааст, моддаи 323, яъне сохтакории хизматӣ ва моддаи 234 —  ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Алимардон гуфтааст, ки як ронандаи ҳамин қисми низомӣ бо номи Умедҷон Сангинов, тибқи моддаи 234, яъне ғайриқонунӣ буридани дарахтон муттаҳам дониста мешавад ва ҳамроҳи Додокалонов дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Тибқи иттилои додситони вилояти Хатлон, сардори дидбонгоҳи қисми марзбонии 26 10-и ноҳияи Панҷ авохири соли гузашта чаҳор сарбоз; Фарҳод Каломов ва Тӯйчбой Нурбоеви 19-сола, Меъроҷ Шодиеви 21-сола ва Сироҷиддин Давлатови 24-соларо барои ҷамъоварии ҳезум ба марзи Афғонистон бурдааст, ки аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи афғон ба асорат гирифта шуданд.

Ин чаҳор марзбони тоҷик рӯзи 19 декабр дар ҷазираҳои ҳоили миёни рӯди Омӯ, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, асир гирифта шудаанд. Инак аз боздошти онҳо беш аз се моҳ мегузарад ва онҳо дар асорати гурӯҳи ҷангиёни Толибон дар минтақаи Имом Соҳиб қарор доранд.

Мақомоти ноҳияи Панҷ ба пайвандони чаҳор сарбоз ваъда дода буд, ки то иди Наврӯз фарзандонашон аз асорати Толибон озод мешаванд, вале гуфта мешавад, ҳоло аз онҳо хабаре нест ва онҳоро, ки дар марзи вулусуволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз нигоҳ медоштаанд, ба маҳаллӣ дуртари ин вилоят бурдаанд, ки ба хонаводашон тамос надоранд.​

Вулусволии Имом Соҳиб дар қисмати шимолии вилояти Қундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияҳои Қумсангир ва Панҷи Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад. Мақомоти афғон аз ҳузури густурдаи ҷангиёни Толибон дар ин минтақа иттилоъ медиҳанд ва мегӯянд, дар миёни онҳо шаҳрвандони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикистониҳо низ ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0