Корманди ниҳодҳои додгоҳӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд

Тибқи иттилои таҳқиқот, корманди додгоҳ аз як сокини Душанбе барои қонунӣ кардани фурӯшгоҳи хусусиаш 2,5 ҳазор доллар тақозо кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Корманди додгоҳе рӯзи панҷшанбе дар Душанбе ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Таҳқиқот бар ин назар аст, ки фарди боздоштшудаи 57 сола аз сокини 42 солаи пойтахт барои қонунӣ сохтани фурӯшгоҳи хусусиаш $2,5 ҳазор тақозо кардааст.

Корманди додгоҳ баъд аз гирифтани $2 ҳазор дархост кардааст, ки $500 дигарро низ барояш пардохт кунад, вале аз сӯйи маъмурони интизомӣ боздошт мешавад.

Аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқи он идома дорад, омадааст дар хабари маркази матбуотии вазорати корҳои дохилӣ.
Тибқи омори расмӣ дар панҷ соли ахир дар Тоҷикистон ниҳодҳои интизомӣ 11 ҳазору 741 мавриди аъмоли фасодиро ошкор кардаанд.

Дар феҳрасти ахири созмони "Transparency International" Тоҷикистон дар миёни 175 кишвари ҷаҳон дар заминаи муқовимат бо фасод ҷойгоҳи 152 касб кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала