Президент барои берун овардани тоҷикон аз Яман дастур дод

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ хостааст, барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман тамоми талоши худро анҷом диҳанд.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 27 март ба намояндагиҳои кишвар дар Саудӣ, Қатар ва Кувайту Миср дастур додааст, барои берун овардани тоҷикон аз Яман чора андешанд, менависад сомонаи вазорати корҳои хориҷӣ.

Тоҷикон дар Яман: моро берун баред!

Вазорат мегӯяд, ин тасмим ба дунболи "шиддат гирифтани вазъи сиёсию ҳарбӣ" дар Яман гирифта шудааст.

"Намояндагиҳои дипломатию консулии Тоҷикистон дар кишварҳои араб, аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Миср вазифадор шудаанд барои таъмини амнияти шаҳрвандони мо дар Яман ва баровардани онҳо аз ин кишвар чораҳои зарурӣ андешанд ва бо ниҳодҳои дахлдори кишварҳои мазкур ҳамкории лозимаро анҷом диҳанд", — омадааст дар сомона.

Ба иттилои масъулони ин ниҳод, бо Русия низ, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон бар асоси қарордод бо ширкатҳои ин кишвар дар минтақаҳои мухталифи Яман қарор доранд, ҳамкорӣ ва тамосҳои лозим идома доштаанд. Вазорат мегӯяд, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни мувофиқа бо ин ниҳод ба Яман рафтаанд, ба ин далел теъдоди онҳо ҳанӯз дақиқ нест.

ВКХ: гуфтушунид барои аз Яман берун кардани тоҷикон идома дорад

Пештар аз ин, Абдулфайз Атоӣ, сардори департементи иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба расонаҳо гуфта буд, сафири Тоҷикистон дар Қатар дар ин замина талош ба харҷ медиҳад ва имкон дорад, бо ёрии мақомот ва ширкатҳои Русия шаҳрвандонро ба ҷойҳои амнтар интиқол диҳанд.

Субҳи 27 март бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар пойтахти Яман машғули кору зиндагиянд, аз мақомоти кишвар хостанд, онҳоро ҳарчӣ зудтар аз Санъо берун оранд. Онҳо мегӯянд, дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Саудия ва муттаҳидонаш алайҳи шӯришиёни шиаи ҳусӣ дар пойтахти Яман ҳаёташон зери хатар аст ва дар ин ҳолат ниёз ба кӯмак доранд.

Сар аз 26 март ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ алайҳи хусиҳои шиаи Яман, ки дар чанд моҳи охир ҳукумати Яманро "тасарруф" кардаанд, шуруъ шуд.

Лентаи хабарҳо
0