https://sputnik-tj.com/20150331/1014961293.html
Ҷоизаи миллии “ЭРГУУ” ба Барзу Абдураззоқов тақдим гардид
Ҷоизаи миллии “ЭРГУУ” ба Барзу Абдураззоқов тақдим гардид
Хидмати таҳиягари маъруфи тоҷик аз ҷониби доварони мукофоти олии театрӣ дар Қирғизистон қадрдонӣ гардида, намоишномаи таҳиякардаи Абдураззоқов дар ду бахш... 31.03.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-03-31T09:42+0500
2015-03-31T09:42+0500
2015-03-31T09:47+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101495/63/1014956342_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_e3071badf36af08e6098f39a0a814cf2.jpg
қирғизистон
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
фарҳанг, дар тоҷикистон, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, қирғизистон, бишкек, барзу абдураззоқов, темир бирназаров, театри қирғизистон, ҷоизаи эргуу, ҷоиза ба коргардони тоҷик, ифтихори театр, ҳунарманди саршинос
Ҷоизаи миллии “ЭРГУУ” ба Барзу Абдураззоқов тақдим гардид
09:42 31.03.2015 (Навсозишуда: 09:47 31.03.2015) Хидмати таҳиягари маъруфи тоҷик аз ҷониби доварони мукофоти олии театрӣ дар Қирғизистон қадрдонӣ гардида, намоишномаи таҳиякардаи Абдураззоқов дар ду бахш сазовори мақоми аввал шуд.
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Намоишномаи "Хотироти як девона", ки аз ҷониби коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов дар Бишкек ба маъраз гузошта шуда буд, ҷоизаи "ЭРГУУ" дар бахши "Беҳтарин намоиш" ва "Беҳтарин нақши мардона"-ро соҳиб гардид, иттилоъ медиҳад сайти Вазорати фарҳанги Қирғизистон.
Маросими эътои ҷоиза 27 март дар рӯзи ҷаҳонии театр дар пойтахти Қирғизистон сурат пазируфт.
"Барзу- яке аз беҳтарин ва саршиностарин таҳиягарони муосир аст. Ӯ андешагаро ва меҳвари театри имрӯз аст. Мо ҳамеша бо ӯ фахр мекунем, эҷодиёти ӯро қадр менамоем",- гуфтааст коргардони қирғиз Темир Бирназаров.
Бояд қайд кард, ки соли гузашта Вазорати фарҳанг ва Анҷумани фаъолони театри Қирғизистон барои беҳтарин ҳунари коргардонӣ дар 5 соли охир ба Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик ҷоиза дода буд.