Австралия бо таҳримот алайҳи Русия ҳамроҳ шуд

© wikimedia.org/AdzНамои Канберру. Акс аз бойгонӣ
Намои Канберру. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар бораи тавсеъаи таҳримҳо алйҳи Русия мақомоти Австралия ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта эълом дошта буданд, имрӯз онҳо ба он иқдом карданд. Таҳримоти Сидней ҳам аз таҳримҳои воридкардаи ИА, Канада ва ИМА дар қиболи Русия ҳеч тавофуте надоранд.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Австралия дар бораи роҳандозии таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия эълом кард, хабар медиҳад РИА Новости дар такя ба изҳороти вазири умури хориҷаи он кишвар Ҷули Бишоп.

Маҳдудсозии ҳамкории иқтисодӣ ба бахшҳои молия, фурӯши аслиҳа ва таҷҳизоти коркарду истихроҷи нафт, инчунин сармоягузории тарҳҳои зербаноӣ  рабт дорад. Ба қавли Бишоп, таҳримҳои воридшуда амсоли таҳримоти ИА, Канада ва ИМА мебошанд.

DW: нигаронии Ғарб аз таҳримот алайҳи Русия

Ҳамзамон, тибқи ин санад сафари бархе аз мақомдорон ва тоҷирони бузурги Русия ба Австралия манъ мешавад.

"Тавсеъаи таҳримҳо алайҳи Русия ба ба содирот ва воридоти аслиҳаву фанновариҳои низомӣ, содироти бархе аз мошинолоти саноатӣ барои истихроҷи нафт, содироти таҷҳизоти энергетикӣ ба Қриму Севастопол, сармоягузории Австралия ба тарҳҳои мухобиротӣ, иқтисодӣ ва коммуникатсионии ин манотиқ манъ мегардад",- омадааст дар изҳорот.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала