Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тарҳи тағйири қонуни ҳизбҳо ба парлумон ироа мешавад

© SputnikПарлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “дар бораи созмонҳои иҷтимоӣ”, тарҳи тағйиру иловаҳо ба “қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”-ро низ ба баррасии парлумон ироа кардааст.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун "дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" ва "иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"-ро барои баҳсу баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, менависад сомонаи президент.

Ҳарчанд тарҳи ислоҳи қонун дар бораи созмонҳои иҷтимоӣ барои ҷомеа рӯшан аст, аммо маълум нест, тарҳи иловаҳо ба қонуни ҳизбҳо чиро дар бар мегирад.

Ин тасмим дар ҷаласаи рӯзи 31 март гирифта шудааст, ки бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ то соли 2020 низ тасдиқ шудааст.

"Табиати биҳиштосои Тоҷикистон аз пурарзиштарин сарватҳои миллӣ ва неъматҳои моддӣ буда, ҳифз ва муаррифии шоистаи он шарти муҳими рушди ояндаи кишвар, аз ҷумла барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон, мебошад", — гуфтааст президент.

Инчунин, барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ шуда, мақомоти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисор муваззаф шудаанд, барои ба аҳолии ниёзманд тақсим кардани қитъаҳои наздиҳавлигӣ замин диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар охир дар робита ба даъвати баҳории ҷавонон, ба низом даровардани истифодабарии роҳҳои мошингард, назорати қурби пули миллӣ ва омодагӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии баҳорӣ супориш додааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала