Амири Кувайт барои Сурия $500 миллион медиҳад

© AP / Gustavo FerrariАмири Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ. Акс аз бойгонӣ
Амири Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Охири моҳи январи соли 2013 таҳти ҳимояти СММ ҳамоиши нахустини кишварҳои кӯмаккунанда (донорҳо) ба Сурия сурат пазируфт, ки аснои он $1,5 миллиард ҷамъоварӣ гардид.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Барои эҳтиёҷоти гуманитарии Сурия амири Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ ваъдаи додани $500 миллионро кард, менависад РИА Новости ба истинод ба шабакаи телевизионии Al-Arabiya.

Қайд мешавад, ки амир ҳанӯз дар моҳи январ, аснои ҷараёни ҳамоиши дуввуми  байналмиллалии донорҳои Сурия тасмим гирифта, изҳори омодагӣ карда буд.

Бахшҳои давлатӣ ва хусусии Кувайт барои эҳтиёҷоти гуманитарии Сурия ҳудуди $500 ҷудо мекунанд. Мардуми ин кишвар рӯзҳои сахтеро пушти сар мекунанд, ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд барои Сурия дасти кӯмак дароз кунад",- гуфт он вақт амири Кувайт.

Ҳамоиши аввалини байналмилаллии кишварҳои кӯмаккунандаи Сурия моҳи январи соли 2013 таҳти ҳимояти СММ моҳи январи соли 2013 баргузор шуд. Он замон дар маҷмӯъ $1,5 миллиард ҷамъоварӣ гардид.

Дар Сурия аз соли 2011 ба ин сӯ ҷанги дохилӣ идома дорад ва бо таъиди СММ тайи ин муддат беш аз 200 ҳазор дар ҷангҳо қурбон шудаанд. Неруҳои мухталифи ҷангиён бо артиши ҳукумат дар ҳоли набард қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала