Муҳоҷири тоҷикистонӣ аз ошёнаи ҳафтум сарозер шуда зинда монд

© Sputnik / Игорь АгеенкоБунёди бинои серошёна. Акс аз бойгонӣ
Бунёди бинои серошёна. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳодиса дар биное, ки муҳоҷир дар он ҷо ба ҳайси коргари муваққатӣ барои як моҳ сабти ном шудааст рух дод.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Муҳоҷири 28-солаи тоҷик дар маҳаллаи Муринои ноҳияи Всеволжски вилояти Ленинград аз ошёнаи 7-ум ба замин сарозер шуда зинда мондааст, менависад Радиои Озодӣ бо истинод ба расонаҳои русӣ.

Тибқи иттилои мақомоти ноҳия муҳоҷири тоҷик дар ҳолати вазнин ба беморхонаи рақами 3-и Всеволжск бо сар, сутунмуҳра ва гарданаки шикастаи рони рост бистарӣ шудааст: "Феълан муҳоҷир дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад".

Ширкати сохтмоние, ки муҳоҷири тоҷик дар он ба ҳайси коргари қаторӣ барои як моҳ қабул шудааст, ба расонаҳои русӣ иттилоъ додаанд, ки нохушӣ соати 8:30 дақиқа, дар вақти кор рух додааст.

Ба гуфти корфармо, муҳоҷир з ошёнаи 7-ум ба замин сарозер шуда, болои тӯдаи партов афтида, зинда мондааст.

Лентаи хабарҳо
0