Гурӯҳи кории СПАД оид ба Афғонистон 3 апрел дар Тоҷикистон ҷамъ меоянд

© Sputnik Амир ИсаевНамои Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Намои Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи кории Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар ҷаласаи худ дар Душанбе масоили марбут ба вазъи феълӣ ва дурнамои амнияту суботи он кишварро ба баррасӣ мегирад.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ҷаласаи Гурӯҳи кории Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони умури хориҷаи СПАД рӯзи 3 апрел дар Тоҷикистон баргузор мешавад, менависад сомонаи ин ташкилот.

"Дар рӯзномаи ҳамойиш- таҳлили вазъи Афғонистон, дурнамои масоили амниятӣ ва низомии минтақа, баррасии санадҳои марбут ба мушкилоти ҶИА ворид гардидаанд. Ҳамчунин, тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи кории СПАД оид ба Афғонистон дар нимсолаи дуввуми соли 2015 дар назар аст",- омадааст дар иттилоия.

Омодагии Русия ва СПАД барои кӯмак ба Афғонистон

Интизор меравад, намояндагони СПАД аз як воҳиди низомии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, ки шомили неруҳои муштараки СААД мебошанд, дидан намоянд.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар соли 1992 пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ дар Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон таъсис ёфт. Вале баъдан Ӯзбакистон кишваре, ки мизбони муассисони ин паймон буд, дар соли 1999 ҳамроҳ бо Озарбойҷон ва Гурҷистон ба нишони эътироз аз нокифоягӣ дар фаъолиятҳои он аз ҳайъати паймон хориҷ шуданд. 14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд. Айни ҳол, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомили ин ташкилотанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала