Омӯзгор аз Варзоб дар бозии Тоҷикистону Сурия соҳиби “Мерседес” шуд

© Официальный сайт ФФТОмӯзгори мактаби миёнаи рақами 28 ноҳияи Варзоб Рустам Бобокалонов бо мошини бурдкардааш
Омӯзгори мактаби миёнаи рақами 28 ноҳияи Варзоб Рустам Бобокалонов бо мошини бурдкардааш - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷойизаҳое, ки дар бозии миёни тимҳои футболи Тоҷикистону Сурия гузошта шуда буданд, ба муаллими мактаби миёна, донишҷӯ ва як коргар насиб гаштанд.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Омӯзгори мактаби миёнаи рақами 28 ноҳияи Варзоб Рустам Бобокалонов дар бозии лотореяи варзишӣ дар бозии рафиқонаи дастаҳои яккачини Тоҷикистону Сурия ширкат варзида, соҳиби автомобили тамғаи "Мерседес-Бенс" гардид, иттилоъ медиҳад сомонаи ФФТ.

Ба ғайр аз мошин дар ин бозӣ ноутбук ва як телевизори плазмавӣ ҳам соҳибони худро пайдо карданд. Донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Сиёвуш Наимов ноутбук бурд кард.

Телевизори плазмавӣ насиби коргар Қурбонмаҳмад Хуҷаназаров гардид.

Лентаи хабарҳо
0