“Оташи абадӣ” аз Душанбе ба Санкт- Петербург расид

© Sputnik Амир ИсаевОташи абадӣ дар Боғи Ғалабаи Душанбе
Оташи абадӣ дар Боғи Ғалабаи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Душанбе шашумин пойтахти давлатҳои ИДМ аст, ки порае аз “Шӯълаи ҷовидонӣ”-ашро ба Санкт-Петербург ирсол кард. Баъди ду ҳафта онҳоро ба шӯълаи ягонаи ИДМ табдил хоҳанд дод.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Рӯзи чаҳоршанбе "Оташи абадӣ" аз маҷмааи "Боғи Ғалаба"-и Душанбе ба Санкт-Петербург расид, иттилоъ дод шабакаи телевизионии Федератсияи Русия Вместе-РФ.

Шӯълаи оташро намояндагони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва собиқадорони ҷанг, ки рӯзҳои 30-31 март дар Душанбе буданд, ба пойтахти шимолии Русия расониданд. Аз фурудгоҳи Петербург капсулаи оташ ба назди маҷмаии ёдгории "Муҳофизони қаҳрамони Ленинград" расонида шуд ва дар он ҷо ба чароғи махсус (лампада) гузошта шуд.

Набарди Сталинград. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ОИБ “Россия сегодня” барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба иқдоми нав мекунад

"Дар он ҷо бо анъанаҳои артиши мо содиқанд, қаҳрамониҳои сарбозону афсарони шӯравиро фаромӯш накардаанд, ин хеле хеле хушҳолкунанда аст. Ин бародарӣ ва ягонагӣ барои таҷлили муштараки Рӯзи Ғалаба ҳамеша дар Душанбе буд ва мемонад",- иброз дошт роҳбари Шӯрои собиқадорони ноболиғи иштирокчиёни ҷанг, даъватшавандаи охирини ҶБВ аз Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Валентин Гудков.

Ин лампадаи шашумин аст, ки ба Санкт-Петербург расид. То ин вақт капсулаҳо аз Минск, Бишкек, Кишинёв ва Бокуву Ереван оварда шуданд.

16 апрел ҳамаи лампадаҳо (чароғҳои махсус) якҷоя мешаванд ва он дар рӯзи баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ иттифоқ хоҳад уфтод. Имсол таҷлили он ба ҷашни 70- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0