Ҷалби таваҷҷӯҳи роҳбарони ВУХ СПАД ба ифротгароӣ

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД дар Душанбе 2 апрели соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД дар Душанбе 2 апрели соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Райисҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷӯҳи вазирони умури хориҷаи давлатҳои узви СПАД-ро ба масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадот ва мубориза бо таблиғгарони ғояҳои ифротгароӣ, инчунин пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонону наврасон ҷалб кард.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik.Президент Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт, менависад РИА Новости.

"Масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва мубориза бо таблиғгарони ғояҳои ба ном Давлати исломии Ироқу Шом ва пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонону наврасони ноогоҳ аз умдарин мавзӯъҳо мебошанд",- иброз дошт Раҳмон аснои мулоқот бо вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои аъзои СПАД дар Душанбе

Имрӯз раҳбарони ниҳодҳои дипломатии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия Эдвард Налбандян, Владимир Макей, Ерлан Идрисов, Эрлан Абдилдаев ва Сергей Лавров ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СПАД ба Душанбе омадаанд.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, "кишварҳои аъзои СПАД дар муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои иттилоотию кибернетикӣ, бояд мавқеи мушаххасу ҳамоҳангшуда ва механизмҳои зуд фаъолшаванда дошта бошанд".

Имсол раёсат дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро Тоҷикистон бар дӯш дорад ва нишастҳои ҳамаи сатҳу зинаҳои он таҳти раисии Душанбе ҷараён мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0