Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД ба анҷом расид

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузаштан ба хазинаи аксВазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД хостори андешидани иқдомоти амалии шарикон барои кӯмак ба таҳкими марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон шудааст.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе бо изҳороти матбуотии Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба поён расид, менависад "Радиои Озодӣ".

Ҷаласаи СПАД. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нишасти Шӯрои вазирони хориҷии СПАД дар Душанбе оғоз шуд

"Дар ҷаласа вазъи марбут ба минтақаи СПАД, ба хусус таъмини амният дар Афғонистон ва нигарониҳову хатароти муосир ба таври муфассал баҳсу баррасӣ гардид", — гуфтааст Аслов.

"Дар иртибот ба ин масъала ба ҳамтоёни худ роҷеъ ба иқдомоти ин кишвар ба манзури коҳиш додани таъсири нигарониҳо ва хатароти навин гузориш дода ва ба фаъолият ва ҳамкории Тоҷикистон бо ҳукумати Афғонистон баҳои мусбат дода шуд", — илова кардааст вазири хориҷаи Тоҷикистон.

Аммо ба таъкиди Аслов, раванди иҷрои Қарори Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавриди кӯмак ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон қонеъкунанда нест. Ба ин далел, ҷаноби Аслов гуфт, ки зимни муроҷиат аз шарикон хоста шуд ки ҷиҳати кӯмак ба таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иқдомоти амалиро рӯи даст бигиранд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи вазири хориҷии Тоҷикистон, нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои узв дар чорчӯби ин созмон ва инчунин ҳамкории ин созмон бо дигар ташкилоти байналмилалӣ дар умури таъмини амниятро баррасӣ кардааст.

Ҷаласаи СААД. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои аъзои СПАД дар Душанбе

Дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД, Ивитса Дачич, раиси амалкунандаи САҲА низ ширкат кард. СПАД то кунун таҷрибаи ҳамкорӣ бо СММ, САҲА, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дигар ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалиро ба роҳ мондааст. Ба иттилои Сироҷиддин Аслов, дар поёни нишаст чандин қарор ба имзо расид, ки барои таъйид ба Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ  ироа мешавад.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Cозмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ субҳи рӯзи панҷшанбеи 2 апрел дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ қабл аз оғози ин ҷаласа, бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.

Қабл аз оғози иҷлосияи Шӯрои вазирони кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарони ниҳодҳои дипломатии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия Эдвард Налбандян, Владимир Макей, Ерлан Идрисов, Абдилдаев Эрлан Бекешович ва Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфт.

Вазорати умури хориҷии Тоҷиистон қаблан иттилоъ дода буд, ки мавзӯи меҳварии ҷаласаи Шӯрои вазирон баҳси пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақа  мебошад.

Барои иштирок дар ин ҷаласа дар баробари намояндаи амалкунандаи САҲА — вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич, инчунин роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча ва директори Маркази САҲА доир ба пешгирии низоъҳо Адам Кобератский даъват шудаанд. Дар ин нишаст дабири кулли СПАД Николай Бордюжа низ ҳузур дошт.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар соли 1992 ба думболи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Тошканд, пойтахти Узбакистон таъсис ёфт. Вале баъдан Узбакистон кишваре, ки мизбони муассисони ин паймон буд, дар соли 1999 ҳамроҳ бо Озарбойҷон ва Гурҷистон ба нишони эътироз аз нокифоягӣ дар фаъолиятҳои он аз ҳайъати паймон хориҷ шуданд. 14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд.

Давлатҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ  Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала