Бонуи олмонӣ ба Ироқ омад, то ҳамсари роҳбари Давлати исломӣ шавад

© AP / Militant videoАбубакр ал-Бағдодӣ. Акс аз бойгонӣ
Абубакр ал-Бағдодӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди ҷавони ҶФО ба таври пинҳонӣ ба Ироқ омад, то ақди никоҳашро бо роҳбари “Давлати исломӣ” баргузор намояд, маросими мазкур рӯзи сешанбе дар Мосул сурат пазируфт.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Роҳбари тундравони ифротии "Давлати исломӣ" Абубакр ал-Бағдодӣ бо шаҳрванди Олмон ақди никоҳ баст, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии Ас-Сумарийяи Ироқ.

"Ал-Бағдодӣ рӯзи сешанбе ҷавонзани олмониро ба ҳамсарӣ пазируфт, ки чанде қабл аз Аврупо ба Ироқ омадааст. Онҳо дар додгоҳи шариатии Мосул ақди никоҳ бастанд ва ин маросим таҳти ҳимояти шадиди амниятӣ сурат пазируфт",- омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳавопаймои амрикоии F-15E дар аёлати Юта бомба партоб мекунад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: пешвои "Давлати исломӣ" мумкин аст ҷароҳат бардошта бошад

Сарчашмаи хабар афзуд, аммо дар ҳоли ҳозирмаълум нест, ки Абубакри Бағдодӣ бо ҳамсараш дар Мосул қарор доранд ва ё хайр, ё ба кишвари ҳамсояи Сурия рафтанд.

Чанд рӯз қабл раиси Идораи федералии ҳимоят аз Конститутсияи Олмон (БФФ, хадамоти таҷассусии ҶФО) Ханс — Георг Маассен гуфт, тибқи иттилоъи рӯйи дастдоштааш, 70 бонуи олмонӣ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, то ба суфуфи ДИ бипайванданд, менависад РИА Новости. Аз нисф бештари онҳоро духтарони аз 25 сола поён ташкил медиҳад, 9 нафари дигар бошанд ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки ба қавли ХМА (СРУ) беш аз 30 ҳазор ҷангиёнро дар суфуфаш муттаҳид кардааст, дар қаламрави зери итоаташ дар Сурия ва Ироқ хилофати исломӣ эълон карда, масоҳаташонро тавсеъа доданист. Ба "Давлати исломӣ" гурӯҳҳои мухталиф аз Либиё, Миср ва Афғонистону Нигерия байъат кардаанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0