Худкушии тоҷики муттаҳам дар қатли силсилавӣ дар СИЗО-и Маскав

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкБоздоштгоҳи муваққатии №1 ("Матросская тишина") дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Боздоштгоҳи муваққатии №1 (Матросская тишина) дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як табааи Тоҷикистон, ки дар қатли чанд нафар гумонбар дониста мешуд, дар боздоштгоҳи шаҳри Маскав худкушӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон Анӯшервон Раҳмонов, маъруф бо лақаби "устои Мосгаз", ки дар Русия ба қатли камаш 7 нафар муттаҳам мешуд, дар боздоштгоҳи муваққатии "Матросская тишина" худкушӣ кардааст, иттилоъ медиҳад "Русская служба новостей".

Ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи панҷшанбеи 2 апрел пайдо карда, дарҳол ба бемористон интиқол додаанд, аммо ӯ аз ҳолати кома (беҳушӣ) берун наомад ва рӯзи ҷумъа даргузаштааст.

Пулиси Русия 15 марти соли ҷорӣ эълон кард, "маняк"-еро, ки худро устои "Мосгаз" — идораи гази шаҳри Маскав муаррифӣ карда, соҳибони хонаҳоро бо ҳадафи ғорату пулу молашон мекушт, дастгир кардааст. Ба иттилоъи ВКД Русия, шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон алакай даст доштани худ дар камаш 7 куштор, аз ҷумла дар қатли бераҳмонаи 4 узви як хонавода дар минтақаи Нагатинои пойтахти Русияро ба гардан гирифтааст.

Мақомоти Русия Анӯшервон Раҳмоновро пайрави яке аз нахустин манякҳои дастгиршуда дар Шӯравии собиқ донистанд, ки бо лақаби "Мосгаз" маъруф буд. Дар солҳои 60 дар Маскав қотиле амал мекард, ки ҳамин гуна бо коргари "Мосгаз" муаррифӣ кардани худ ба манзили мардум роҳ меёфт ва соҳибони хонаро мекушт.

Лентаи хабарҳо
0