Муҳоҷирони тоҷик барои интиқоли ҷасади Эсанов аз ФР пул ҷамъ мекунанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПул
Пул - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қавли як ҳамдеҳаи Комилҷон Эсанови дар маркази муҳоҷират даргузашта, як ширкати назди мурдахона гуфтааст, барои интиқоли ҷасад то Тоҷикистон 73 ҳазор рубл зарур мешавад.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҳамдеҳаҳои муҳоҷири корӣ Комилҷон Эсанов, ки шаби 6-уми апрел дар маркази муҳоҷирати "Сахарово" даргузашт, барои интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистон маблағ ҷамъ мекунанд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба қавли онҳо, интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон 73 ҳазор рубли русӣ (муодили $1,3 ҳазор) хароҷот доштааст.

"Тибқи пешниҳоди аввалия, ки дар мурдахонаи пажӯҳишгоҳи тиббии ба номи Боткини Маскав, маҳалли нигаҳдории ҷасади Комилҷон Эсанов карда шудааст, танҳо барои ҳаққи хизмати мурдахона 20.800 рубл маблағ зарур аст. Зимнан, як ширкати назди мурдахона гуфтааст, ки барои интиқоли ҷасад то Тоҷикистон 73 ҳазор рубл зарур мешавад",- иброз дошт ҳамдеҳаи ӯ Дилшод Ашӯров.

Ӯ гуфт, ҳанӯз ба қарори ниҳоӣ наомадаанд ва барои интиқоли ҷасади ҳамватан бояд ҳамроҳ бо дигар муҳоҷирону ҳамдеҳагон пул ҷамъ кунанд.

Комилҷон Эсанови 48-сола ногаҳон дар маркази муҳоҷирати "Сахарово" даргузашт. Ӯ баъди чанд соат интизорӣ дар навбати супурдани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патенти кор дар дохили ин марказ ҷон дод. Ҳанӯз сабаби марги ӯ мушаххас нашудааст.

Эсанов, сокини деҳкадаи Суҷина дар ноҳияи Панҷакент буда, падари 4 фарзанд аст. Дар Тоҷикистон бо корҳои деҳқонӣ машғул буд. Ӯ дар вилояти Маскав дар як бригадаи ҳамватанон барои  як ширкати сохтмонӣ кор мекард ва собиқаи беш аз шаш солаи муҳоҷирати корӣ дар  Русияро дошт.Ин навбат ба Русия ӯ 25 январ ҳамроҳ бо писари 18-солааш Мурод, хатмкардаи мактаби миёнаи деҳа рафта буд.

 

Лентаи хабарҳо
0