https://sputnik-tj.com/20150408/1015099557.html
ҶФО ба занони тоҷик, ки ҳамсаронашон онҳоро партофтаанд, кӯмак мекунад
ҶФО ба занони тоҷик, ки ҳамсаронашон онҳоро партофтаанд, кӯмак мекунад
СҒД “Шаҳрванд” бо дастгирии молии Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба занон ва хонаводаҳое, ки онҳоро ҳамсарони муҳоҷирашон партофтаанд, кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд. 08.04.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-04-08T15:33+0500
2015-04-08T15:33+0500
2021-04-08T19:26+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/101509/81/1015098174_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_8cffd5d07b0590196de59e833a0ffe28.jpg
кӯлоб
олмон
тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
18.000 евро, ёрдами маънавӣ, муҳоҷирон, кӯмаки ҳуқуқӣ ба занони кӯлоб, сғд "шаҳрванд", сафорати олмон дар ҷт, холгер грен, додарбек сайдалиев, кӯлоб, олмон, тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, дар тоҷикистон, муҳоҷират
ҶФО ба занони тоҷик, ки ҳамсаронашон онҳоро партофтаанд, кӯмак мекунад
15:33 08.04.2015 (Навсозишуда: 19:26 08.04.2021) СҒД “Шаҳрванд” бо дастгирии молии Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба занон ва хонаводаҳое, ки онҳоро ҳамсарони муҳоҷирашон партофтаанд, кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд.
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Занонеро, ки шавҳарони муҳоҷирашон онҳоро партофтаанд, Сафорати Олмон дар ҳамкории муштарак бо СҒД "Шаҳрванд" дар Кӯлоб дастгирӣ менамоянд, омадааст дар сайти мақомоти дипломатӣ.
Ба ин манзур аз ҷониби сафорат 18.000 евро ҷудо гардида, ба занону хонаводаи онҳо кӯмакҳои ҳуқуқии ройгон, машваратҳои ҳуқуқӣ ва дигар намуди ёрии маънавӣ расонида мешавад. Ин барнома то нӯҳ моҳ идома хоҳад кард.
Санади ҳамкории молиро дар ин бахш Сафири Олмон дар ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Грен ва сарвари ташкилоти мазкур Додарбек Сайдалиев рӯзи 17 март ба имзо расониданд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони қобили кори он дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар қарор доранд. Бархе аз муҳоҷирон пас аз гузашти чанд сол ба ватан бозпас намегарданд ва ё хонаводаи худро ба фаромӯшӣ мениҳанд. Вайроншавии оилаи муҳоҷирон низ аз падидаи номатлуб дар ин замон маҳсуб меёбад.
Ба назари коршиносон, заноне, ки аз ҷониби ҳамсаронашон пуштибонӣ намебинанд ва ё партофта мешаванд, на фақат бо мушкилоти молӣ, балки бо проблемаҳои дигар, аз ҷумла мушкилоти ҳуқуқӣ низ мувоҷеҳ мегарданд.