Эрон ва Туркия дар ҳисоббаробаркунӣ аз евро ва доллар даст кашиданд

© AP / Iranian Presidency OfficeМулоқоти президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ҳамтои ирониаш Ҳасани Рӯҳонӣ дар Теҳрон
Мулоқоти президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо ҳамтои ирониаш Ҳасани Рӯҳонӣ дар Теҳрон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Роҳбарони Эрон ва Туркия ба тавофуқ расиданд, ки аз ин ба баъд аснои тиҷорати дуҷониба ва муштарак, инчунин дар ҳисоббаробаркуниҳо аз риёл ва лира истифода хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Теҳрон ва Анқара тиҷораташонро бо арзҳои миллии ду кишвар ба роҳ мемонанд, гуфт президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аснои нишасти муштараки матбуотӣ бо ҳамтои эрониаш- Ҳасани Рӯҳонӣ, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Мо зери ҷабри доллару евро ва фишори қурби онҳо будан намехоҳем. Мо ба тавофуқ расидем, ки арзҳои милли ду кишвар- Туркия  ва Эрон гардиши озод дошта бошанд. Ин ба давлатҳои мо боз як қувваи дигар мебахшад",- иброз дошт пешвои туркҳо.

Эрдуғон қайд кард, ки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар ҳоли тавсеа қарор доранд, бояд табодули мол дар як сол ба $30 миллиард расонида шавад. Ҳоло ин рақам ду баробар камтар аз он- $14 миллиардро ташкил медиҳад.

Президенти Туркия барои боздиди якрӯза ба Эрон омода буд.

Лентаи хабарҳо
0