Фармоишгари Театри миллии Тоҷикистон андоз намесупорад

© Sputnik Амир ИсаевМавзеъи бунёди Театри миллии ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Мавзеъи бунёди Театри миллии ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Театри миллӣ бояд дар муддати панҷ соли оянда ва бо маблағи 680 миллион сомонӣ бунёд шавад ва қарор аст дар сохмони он 1000 коргар ширкат кунанд.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи худ бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба будҷаи давлаии соли 2015, фармоишгар ва пудратчии асосии сохтмони "Театри миллӣ"-ро аз андози арзиши иловашуда, роҳҳои истифодабарии автомобилҳо ва андоз аз фоида озод кард, менависад сайти палатаи поёнии парлумон.

Ҳамчунин барои ворид кардани масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди ин иншоот, пудратчӣ аз боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.

Зимнан,Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири иқтисоди Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфт, ки фармоишгар ва пудратчии асосӣ аз тарафи ҳукумати кишвар таъйин шудааст ва он Дирексияи сохтмони назди дастгоҳи президент ва ҶСП "Сирдарё" мебошанд.

"Ин иншоот бояд дар муддати панҷ соли оянда ва бо маблағи 680 миллион сомонӣ бунёд шавад ва қарор аст дар сохмони он 1000 коргар ширкат кунанд",- иброз дошт оқои Нуралиев.

 Маросими гузоштани санги асоси ин театр моҳи гузашта бо ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуда буд. "Театри миллӣ" дар шафати Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллӣ бунёд мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала