Дар АНМН “Масири ҳероин” баррасӣ шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксКорманди гумрук бо саги хидматӣ дар ҷустуҷӯи маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Корманди гумрук бо саги хидматӣ дар ҷустуҷӯи маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аснои нишаст иштирокчиёни вохӯрӣ якчанд пешниҳод оиди мустаҳкам намудани ҳамкории минбаъда дар чорчӯбаи тарҳи ҷадид дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи наъаовар пешниҳод намуданд.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Мақомоти интизомии Тоҷикистон бо коршиносони хориҷӣ масоили марбут ба масиру хатти ҳаракати маводи нашъадорро баррасӣ карданд, иттилоъ медиҳад сайти Агентии назорати маводи нашъаовар.

Мулоқот дар доираи лоиҳаи "Шабакаҳои иттилоотӣ дар хутути масири ҳероин",  марҳилаи дуюми барномаи "Мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тариқи масири ҳероин", ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.

Мақомоти махсуси ҶИА ва АНМН-и ҶТ озмоишгоҳи ҳероинро нобуд сохтанд

Аснои ҳамойиш дар мавриди таҳияи лоиҳа, чорабиниҳо дар доираи ин тарҳ, ки барои соли 2015 ба нақша гирифта шудаанд, маълумоти комил ироа гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи лоиҳа Томас Патрик Картер, машваратчии гурӯҳи барнома, Грегори Китселл, намояндагони ВКХ, Агентии назорати маводи нашъаовар, СҚС, КДАМ, Хадамоти гумрук ва ВКД иштирок намуданд.

Масъалаҳои курсҳои омӯзишӣ дар соҳаҳои мухталиф: система ва раванди фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси иттилооти оперативӣ, механизми табодули иттилоот, гузаронидани амалиётҳои мухталиф, усулҳои бурдани тафтишоти молиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар рафти муколама иштирокчиёни вохӯрӣ якчанд пешниҳод оиди мустаҳкам намудани ҳамкории минбаъда дар чорчӯбаи тарҳи мазкур дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи наъаовар пешкаш намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала