Барои бори нахуст сари инсон ба нафари дигар насб мешавад

© Flickr \ MilitaryHealthАмали ҷарроҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Амали ҷарроҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷарроҳи итолиёвӣ қасд дорад сари Валерий Спиридонови 30 соларо, ки мушкили мушакҳои тахтапуш дорад, ба тани солими як бемори дигар кӯч диҳад ва ин амал дар таърих бори аввал хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Барномасози компютерии рус Валерий Спиридонов, ки аз бекоршавии мушакҳои тахтапушташ азият мекашад, ба кӯч додани сараш ризоият дод ва ин амалро ҷарроҳи итолиёвӣ Серҷио Канаверо анҷом медиҳад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Оё ман ҳарос дорам? Бале, ҳатман. Вале ин амал танҳо даҳшатангез нест, балки ҷолиб ҳам мебошад", — аз эҳсосоти худ қисса кард барномасоз.

Сари Спиридонови 30 сола ба унвони ҷузъи солим ба тани сиҳати як бемори дигар насб мешавад ва ин амал барои бори нахуст дар таърих сурат хоҳад гирифт.

Дар соли 1970 амали кӯч додани сар ба тани маймуни дигаре анҷом дода шуд. Вале ин маймун бо сари нав танҳо даҳ рӯз умр дид, зеро низоми ҳифзи ин маймун ҷисми бегонаро радд кард.

Амал бо сари инсонро ҷарроҳи итолиёвӣ, ба навиштаи расонаҳо, қасд дорад то соли 2017 анҷом бидиҳад. Ин амал ҳудуди 36 соат идома дошта онро 150 пизишк ва ҳамшираҳо бояд анҷом бидиҳанд. Ҳазинаи ин амал метавонад ҳудуди 11 миллион доллар арзиш дошта бошад.

Ин тасмими Канаверо интиқодоти шадидеро дар миёни уламо ва пизишкон ба дунбол дорад.

Лентаи хабарҳо
0