Мусобиқоти футболи кишвар имрӯз оғоз мешаванд

© Sputnik Амир ИсаевДар назди даромадгоҳи Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ. Акс аз бойгонӣ
Дар назди даромадгоҳи Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз, 9-уми апрел, мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд шурӯъ мешавад.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 9-уми апрел, бо бозӣ байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз меёбад. Ин бозӣ дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 17:00 шурӯъ мешавад, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Диловар Орзуев, аз ноҳияи Ҳисор, сардовари бозии нахустини мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар таъин шудааст. Ҳасан Каримов ва Эркин Мадибоев ба ӯ кӯмак хоҳанд кард.

Мусобиқаи имсола ба тарзи нав гузаронида мешавад. Барои аввалин бор мусобиқа бо ширкати 9 даста дар се давра барпо мегардад. Мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон то рӯзи 22-юми ноябр идома хоҳад кард.

Дастаҳои ширкаткунандаи чемпионати 24-уми Тоҷикистон оид ба футболи лигаи олӣ дар мавсими соли 2015:

  • «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)
  • «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
  • «Хайр» (Ваҳдат)
  • «Вахш» (Қӯрғонтеппа)
  • «Хуҷанд» (Хуҷанд)
  • «Истиқлол» (Душанбе)
  • «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
  • ССКА «Помир» (Душанбе)
  • «Равшан» (Кӯлоб)
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала