ВУХ: аз Яман то имрӯз 130 тоҷикистонӣ берун оварда шудааст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксҲавопаймо бо атбоъи Русия ва кишварҳои дигар аз Яман дар вилояти Москав. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймо бо атбоъи Русия ва кишварҳои дигар аз Яман дар вилояти Москав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раванди ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман, ки дар он ҷо амалиёти низомии эътилофи байналмиллалӣ сурат мегирад, идома дорад ва онҳоро умдатан бо кӯмаки вазорати изтирории Русия берун меоваранд.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар тӯли чанд рӯзи ахир аз Яман, ки дар он ҷо амалиёти байналмиллалии низомӣ идома дорад, 130 шаҳрванди Тоҷикистонро берун овардаанд, менависад РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев.

Дар ин кишвар ба иттилоъи вазоратхона, дар маҷмӯъ ҳудуди 800 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд, ки бахши аслии онҳоро кормандони арсаи тандурустӣ бо оилаҳои худ ташкил медиҳанд. Ин афрод тибқи қарордод бо ширкатҳои русӣ озими Яман шудаанд.

"Дар феҳрасти кормандони дипломатӣ барои ихроҷ аз Яман 169 нафар шаҳрвандони мо номнавис шудаанд, ки дар Саноъ бо хонаводаҳои худ зиндагӣ мекунанд, 130 нафар аллакай ихроҷ шуданд, имрӯз тавассути ҳавопаймоҳои вазорати умури изтирории Русия аз пойтахти Яман бо 25 атбоъи Тоҷикистон берун оварда мешаванд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони Атоев.

Ил-62 мусофиронро аз Яман ба Маскав овард. Навор аз фурудгоҳ

Ба гуфтаи вай, дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман он идда аз кормандони тиббӣ низ ҳастанд, ки нахостанд ин кишварро тарк кунанд, зеро амалиёти низомӣ онҳоро фаро нагирифта ва онҳо аз вазъи феълӣ қонеъ мебошанд.

Гурӯҳи нахусти атбоъи Тоҷикистон аз Саноъ рӯзи 3 апрел тавассути ҳавопаймоҳои вазорати умури изтирории Русия берун ва ба Маскав оварда шуданд.

© ИнфографикаВоенная операция в Йемене. Инфографика
Военная операция в Йемене. Инфографика - Sputnik Тоҷикистон
Военная операция в Йемене. Инфографика
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала