Сармоягузорон: ширкатҳоро зарур аст аз худ иттилоъи бештар диҳанд

© Sputnik / Валерий МельниковДафтар. Акс аз бойгонӣ
Дафтар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони Созмони байналмиллалии молӣ ва раҳбарони ширкатҳои молӣ арзёбии худ дар бораи сомонаҳои бархе аз ширкатҳои Тоҷикистонро муаррифӣ ва пешниҳодоти худро ироа карданд.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Ширкатҳои Тоҷикистон ба сармоягузорӣ ниёз ва ба он тавваҷӯҳ доранд, аммо омода нестанд, ки иттилоъ дар бораи муассисон ва вазъи молии худро ошкор созанд, иброз шуд имрӯз дар маросими муаррифии гузориши ширкати "Имкон Консалтинг" дар Душанбе.

Ифшо кардани иттилоот дар бораи ширкат имкон медиҳад, ки вай беҳтар тавсеа шавад, сармоягузоронро ҷалб созад ва ба рушди дарозмуддати иқтисодии кишвар мусоидат кунад, тавзеъ дод дар ҷараёни ин нишаст Раҳбари намояндагии Созмони байналмиллалии молӣ (IFC) дар Тоҷикистон Манижа Мамаднабиева.

Сохтмони нақби Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
СБП: тарҳи Роғун боиси танишҳо дар ҶТ шуда метавонад

"Сармоягузор мехоҳад танҳо бидонад, ки сармоягузориашро ба куҷо мегузорад ва ин маболиғ ба чӣ наҳвае тақсим мешаванд. Агар ширкат наметавонад, ки дар бораи худ иттилоро расман ошкор созад, пас эътимоди сармоягузорро аз даст медиҳад, ин нукта аслии чунин мушкил аст, ки беш аз нимаи тарҳҳое, ки вориди IFC мешаванд, барои сармоягузорӣ корношоям мебошанд", — гуфт вай.

Мамаднабиева ба унвони чеҳраи IFC аз номи куллияи сармоягузорон изҳор дошт, ки онҳо мехоҳанд хатароти сармоягузории худро ҳисоб кунанд ва ин амри маъмулӣ дар таҷрубаи ҷаҳонӣ мебошад.

"Сармоягузоронро маъмулан вуҷуди худи ширкатҳое нигарон мекунанд, ки аз сӯйи хонаводае раҳбарӣ мешаванд ва ин амр аз ошкор сохтани манобеи сармоягузории он, муассисон ва нишондодҳои молии он монеъ мешаванд ва ин нукта ҳатман боиси адами эътимод мешавад", — таъкид кард вай.

Дар бораи беҳтар шудани раҳбарии дастҷамъона дар Тоҷикистон аз соли 2007 раҳбари тарҳи IFC дар умури раҳбарии дастҷамъона дар Тоҷикистон Таҳмина Нурова қисса кард.

Ба гуфтаи вай, агар қаблан 98% ширкатҳо дар Тоҷикистон дар бораи раҳбарияти дастиҷамъӣ ё узви мустақили шӯрои мудирон иттилое надоштанд, пас имрӯз ҳатто агар дар ширкатҳо чунин мафҳумот вуҷуд надошта бошад ҳам, онҳо дар бораи чунин равандҳо ва афзалияти онҳо иттилоъ доранд.

Қодири Қосим, раиси Кумитаи сармоягузори ва амволи давлатии ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Ба иқтисоди Душанбе $361,6 миллион сармоягузорӣ шудааст

"Мо аз ин амр хушҳолем. Воқеъан, ин бахш рушд мекунад ва бештаре аз ширкатҳои саҳҳомӣ шӯрои мудирон доранд, онҳо бозрасии дохилӣ анҷом медиҳанд, аммо масъалаи ошкор кардани иттилоъ дар вазъе боқӣ мондааст, ки 8 соли қабл буд ва аҳён ширкате пайдо мешавад, ки бозрасии мустақилона анҷом медода бошад", — тавзеъ дод раҳбари тарҳ.

Мудири "Имкон Консалтинг" Замира Самадова гузориши "Пажӯҳиши раҳбарияти дастиҷамъӣ дар Тоҷикистон. Сомонаи дастиҷамъӣ аз нигоҳи сармоягузорон"-ро муаррифӣ кард ва дар он зикр мешавад, ки ширкатҳое фарогир дар ин пажӯҳиш дар сомонаҳои худ иттилоъ дар бораи гузоришҳои молӣ ва муассисонро ироа карданд, вале онҳо комил набуданд.

"Сомонаҳои дастиҷамъӣ бояд тамоси муқобила, тамос бо сармоягузорон ва иттилоъ ба забони англисиро дошта бошанд, аммо чунин иттилоъ танҳо дар 1% сомонаҳо вуҷуд доштанд, боқӣ ба далели ин мушкил сармоягузорони воқеиро аз даст доданд. Чунин тасаввуре пайдо мешавад, ки онҳо худро аз сармоягузорон паноҳ карда ба онҳо ниёз надоранд", — гуфт вай.

Ширкат сомонаҳои 32 ширкати тоҷикиро пажӯҳиш кардааст, ки дар онҳо иттилои дастрас гузошта шуда буд ва феҳрасти онҳоро омода шуд. Дастандаркорони ин маросим умед доранд, ки соҳибкорони маҳаллӣ тадриҷан зарурати ошкор кардани иттилоро дарк мекунанд ва дар ниҳоят шаффоф мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0