СПАД: омодагии низомии артиши Тоҷикистон баланд аст

© AP / ITAR-TASSНерӯҳои вижаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Нерӯҳои вижаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Қайроққум рӯзи панҷшанбе ҷаласаи навбатии Комитети низомии СПАД анҷом ёфт ва дар ҷараёни он масоили хатароти ношӣ барои минтақа аз фаъолияти гурӯҳҳои террористии “Толибон” ва “ДИ” баррасӣ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон нигаронкунанда аст, вале омодагии низомии артиши Тоҷикистон баланд мебошад, изҳор дошт ба хабарнигорон сухангӯйи Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ Владимир Зайнетдинов, хабар медиҳад CA-News.

Дирӯз ҷаласаи Комитети низомии СПАД дар Қайроққум анҷом ёфт ва дар поёни кори он вай чунин изҳорот дод.

Муъовини вазири дифоъи ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Антонов: бо кӯмак ба Тоҷикистон мо кишварҳои СПАД-ро ҳимоят мекунем

"Вазъият дар Афғонистон воқеъан нигаронкунанда аст ва он мутташаниҷтар мешавад. Боъиси нигаронӣ аст, ки дар он ҷо ҷангҷӯёни ҷунбиши "Толибон" фаъолтар мешаванду таблиғгарони "Давлати исломӣ" пайдо шуда ҷонибдорони худро сарҷамъ мекунанд", — гуфт Зайнетдинов.

Ҳамзамон, дар посух ба ин суол, ки омодагии артиши Тоҷикистон дар сурати рух додани вазъи изтирорӣ чӣ гуна аст, вай зикр кард, ки "омодагии артиш хеле баланд аст".

Дар ҷаласаи Комитети низомии СПАД намояндагони вазоратхонаҳои дифоъи кишварҳои узв таҳдидҳо дар манотиқи амнияти дастиҷамъиро баррасӣ карданд.

Феълан Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия узви ин созмон мебошанд. Афғонистон ва Сербистон мақоми нозир дар ин созмонро доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала