Дар Тоҷикистон барои артишҳои СПАД либос ва пойафзол медӯзанд

© Sputnik / Игорь РуссакДӯхти либоси низомӣ. Акс аз бойгонӣ
Дӯхти либоси низомӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Яке аз бузургтарин корхонаҳои низомии Тоҷикистон метавонад ҷузъе аз ҳамкориҳо бо СПАД шуда барои таъмини ниёзи ин созмон қоғаз ва ҳамчунин матои вижа ва пойафзол тавлид кунад.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Тоҷикистон метавонад яке аз кишварҳои тавлидкунандаи маҳсулот барои ниҳодҳои низомии Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ гардад, омадааст дар баёнияи вазорати саноъат ва технологияҳои навини Тоҷикистон.

Мавзӯъи ҳамкорӣ дар тавлиди маҳсулоти низомӣ дар дидори раҳбари вазоратхона Шавкат Бобозода бо раиси Шӯрои корӣ дар назди комиссияи Байнидавлатии ҳамкориҳои низомиву иқтисодии СПАД Александр Ноздрачев ва мушовири бахши масоили амнияти низомии мудирияти СПАД Константин Никулшин матраҳ шудааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки намояндагони СПАД барои ҳамкорӣ тавваҷӯҳ карда пешниҳод карданд, ки тавлидотро якҷо бо корхонаҳои Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд.

Нерӯҳои вижаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
СПАД: омодагии низомии артиши Тоҷикистон баланд аст

"СПАД дар садад аст коркарди нахи пахтаи кӯтоҳтар аз 15 миллиметро роҳандозӣ кунад. Ин навъи нахи пахта барои тавлиди қоғаз дар корхонаи "Заря Востока" истифода хоҳад шуд", — зикр шудааст дар баёния.

Дар ҷараёни дидор пешниҳод шуд, ки либоси низомӣ, тавлиди матоъ барои ниёзи ниҳодҳои дифоъии кишварҳои узви СПАД дар корхонаи "Хуҷанд инвест коттон" роҳандозӣ шавад.

Тавлиди пойафзоли низомиро, зикр мешавад, метавонад ширкати русиягии "Фариде" якҷо бо ширкати тоҷикистонии "Пойафзоли чармӣ" анҷом бидиҳад ва бад ин манзур ҷониби русиягӣ омода аст таҷҳизоти ҷадид ва фанноварии навинро ироъа кунад.

Аз миёни корхонаҳои зикршуда дар гузашта дар тавлидоти низомӣ корхонаи "Заря Востока" истифода мешуд, ки соли 2014 ба номи тоҷикии "Нури Ховар" табдил карда шуд.

Ин корхона яке аз бузургтарин корханоҳое буд, ки барои саноъеи дифоъии Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат карда маҳалли тавлиди аслиҳаҳои ҷадидтарин гашта буд. Ин корхона дар остонаи оғози ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар шаҳраки Табошар бунёд шуда буд. Корхона барои тақвияти зарфияти дифоъии кишвари замоне муштарак саҳми арзанда гузошта ҳамзамон дар рушди арсаҳои муъосир ва энержӣ мусоъидат кардааст.
Феълан дар ин корхона маводди ниёзи мардум, назири таҷҳизоти барқӣ, калӯш, маҳсулоти дӯзандагӣ ва ғайра тавлид мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0