“Сад соли як хаёл” – асари ҷадид дар бораи “Роғун”

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксСохтмони неругоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ
Сохтмони неругоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мираҳмади Амиршоҳ, адиби тоҷик дар бораи сохтмони неругоҳи обии барқии “Роғун” дар ҳаҷми 600 саҳифа китоб навиштааст.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Романи нави Мираҳмади Амиршоҳ, адиби тоҷик, бо номи "Сад соли як хаёл" дар бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар ҳаҷми 600 саҳифа омода шуда, рӯзҳои наздик нашр хоҳад шуд, менависад "Радиои Озодӣ".

Майдони сохтмонӣ дар НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ҶСК “НБО Роғун”: сохтмони Роғун соли 2016 оғоз мешавад

Амиршоҳ, ки дар гузашта сардабирии нашрияи "Одаму олам"-ро бар ӯҳда дошт ва панҷ сол боз дар сохтмони "Роғун" кор мекунад, ба "Озодӣ" гуфтааст, "Сад соли як хаёл" — и вай асари бадеӣ буда, аммо "танҳо сохтмони имрӯзаи нерӯгоҳи Роғунро дар бар намегирад."

"Дар ибтидо, дар замони Шӯравӣ тарҳи Роғун бо номи "Лоиҳаи Сичароғ" маълум буда, аммо амалӣ карда нашудааст. Дар Тоҷикистон ба ҷои тарҳи "Сичароғ" дар соли 1936 нерӯгоҳи Варзоб барои таъмини пойтахт бо нерӯи барқ сохта шуд, яъне пас аз ҳар кӯшише, ки барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ба харҷ дода мешуд, он ҳамчун хаёл боқӣ мемонд ва хушбахтона ҳоло бо мустақилияти кишвар ин хаёл амалан татбиқ карда хоҳад шуд", — гуфтааст Амиршоҳӣ.

Мамаҳалли сохтмони ненрӯгоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2014 барои нерӯгоҳи Роғун 1,1 миллиард сомонӣ масраф шудааст

Абдулҳамид Самадов, муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, ба радио гуфтааст, дар ҳоли ҳозир дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" як идда адибону публисистон, аз ҷумла Бахтиёр Муртазоев, Шералӣ Мӯсо, Раҷабалӣ Аҳмад ва Мираҳмади Амиршоҳ фаъолият доранд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 19 марти соли ҷорӣ дар мулоқот бо зиёиёни кишвар бо изҳори таассуф таъкид карда буд, ки адабиёти Тоҷикистон аз замона қафо монда, ҳамаи комёбиҳои даврони истиқлолият пурра ва дар паҳнои манфиатҳои имрӯзу фардои миллат ва давлат инъикоси бадеӣ наёфтаанд.

Дар гузашат, Теша Раҷаб, яке аз дигар нависандагони тоҷик, дар бораи сохтмони ин неругоҳ асаре бо номи "Роғон" таълиф карда буд.

Сохтмони "Роғун" баъд аз солҳои зиёди таътил, дар соли 2010 дубора ба авҷи худ расид. Он замон фурӯши саҳмияҳои неругоҳ роҳандозӣ шуд. Тибқи иттилои мақомоти расмӣ, дар ҳаҷми наздики 180 миллион доллар сокинони кишвар саҳмия харидаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала