Барои сафари Ҳаҷҷ афроди болиғ бар 35 сол “авлавият” хоҳанд дошт

© Flickr / Citizen59Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ
Ҳаҷҷ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Комитети умури адён тасмим гирифтааст аз ин ба баъд танҳо афроди болиғ бар 35 соларо озими сафари Ҳаҷҷ кунад.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Комитети умури адён, танзими ҷашну маросим тасмим гирифтааст зимни эъзом ба сафари Ҳаҷҷ ба афроди болиғ ба 35 сола увлавият бидиҳад, навиштааст хабаргузории "Озодагон" бо истинод ба баёнияи ин Комитет.

Намояндаи Комитет зикр кард, ки чунин тасмим бар суди афроди солманд ба ин далел гирифта шудааст, ки онҳо ба далели навбати тӯлонӣ наметавонанд саҳмияи сафари Ҳаҷҷро ба даст оваранд.

"Комитети умури адён, танзими ҷашну маросим зимни таҳияи феҳрасти довталабони сафари Ҳаҷҷ тасмим гирифт, ки ба афроди болиғ бар 35 сола авлавият бидиҳад, то афроди солманд тавонанд ин маросими мазҳабии муқаддасро анҷом диҳанд", — омадааст дар баёния.

Дастбанд - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти корманди Кумитаи дин бо ҷурми фасод

Ба гуфтаи намояндаҳои Комитет, дар соли ҷорӣ ба гунаи чанд соли ахир ба далели умури бозсозӣ дар маҷмаи муқаддас Арабистони Саъудӣ миқдори саҳмияҳои сафари Ҳаҷҷ барои кишварҳои мухталифро коҳиш додааст.

Ҳамасола ҳазорон атбоъи Тоҷикистон ин маросими муқаддаси мазҳабиро анҷом медиҳанд. Дар соли 2014 барои Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор саҳмияи сафари Ҳаҷҷ ироъа шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала