Мақомот: соҳибхона манзили худро ғорат кардааст

Мақомоти интизомии Душанбе нафареро боздошт кардаанд, ки дар дуздии манзили худ муттаҳам дониста мешавад.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Мақомоти пулиси шаҳри Душанбе як ҳолати дуздии ҷавоҳиротро дар кӯчаи Крупскии пойтахт ошкор кардаанд, ки онро худи соҳибхона тариқи сохтакорӣ содир намудааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шогирде аз мактабе дар Ҳисор дар Донишгоҳи миллӣ дуздӣ кард

Тавре аз Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ба оҷонсӣ иттилоъ додаанд, дар пайи ҷустуҷӯӣ муайян шудааст, ки Исломов Дилшод, сокини кӯчаи Крупскии пойтахт, 8-уми марти соли ҷорӣ ороишоти тиллоии модару хоҳарашро дуздида, ба ломбард супорида, маблағ ба даст овардааст.

"Вай ба хотири ошкор нагардидани ҷинояти содирнамудааш тамоми ҷавоҳироти боқимондаи хонаи худ ва хонаи амакашро дуздида, пинҳон месозад. Баъдан ҷиҳози хонаро ҳар ҷо парешон партофта, дасту пойи хешро баста, пешониашро бо алмос бурида хуншор месозад. Сипас аҳли хонаводаро фарёд мезанад, ки гӯиё нафари номаълум бо ниқоб ба хонаашон даромада, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, дасту пояшро бастааст ва ашёи қиматбаҳои хонаро ба яғмо бурдааст", — хабар додааст мақомот.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи тафтишот маъмурини пулиси ноҳияи Фирдавсӣ гумонбари асосиро пайдо намуданд ва ҷавоҳироти дуздидашударо аз ӯ мусодира кардаанд. Феълан нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала