Толибон беш аз 20 низомии афғонро қатл карданд

Дар қаламрави Бадахшони Афғонистон ахиран фаъолшавии гурӯҳҳои тундрави ҷунбиши “Толибон” мушоҳида мешавад, онҳо ба воҳидҳои нерӯҳои давлатӣ, ки дар ин минтақа мустақар ҳастанд, ҳамла меоваранд.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар ҷараёни бархурди низомӣ бо ҷангиёни "Толибон" дар вилояти шимолу шарқии Бадахшон беш аз 20 нафар низомиёни артиши миллии Афғонистон кушта шуданд, хабар медиҳад Afghanistan.ru бо истинод ба шабакаи телевизионии "Тулуъ".

Зикр мешавад, ки ин даргирӣ шаби ҷумъа дар вулусволии Ҷурм рух додааст. Бо истинод ба вазорати дифоъ ҳамчунин зикр шудааст, ки 14 нафар низомӣ ба асорати толибон афтода ва сари чаҳор нафар бурида шудааст.

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кушта шудани чанд тоҷикистонии ҷонибдори "Толибон" дар Бадахшони ҶИА

Дар бораи теъдоди кушташудагон ва ба асорат афтидагон, ба иттилоъи хабаргузорӣ, иттилоъи зиддунақиз мерасанд, зеро шореҳи низомӣ Ҷовид Кӯҳистонӣ ба Afghanistan.ru хабар дод, ки ҷангиён 70 нафар низомиёни артиши миллии Афғонистонро кушта ба асорат гирифтаанд.

Намояндагони вилояти Бадахшон дар маҷлиси поёнии порлумон ба ҳукумат дар бораи фаъолшавии ҷангиён ва ҳамалоти онҳо ба сарбозони артиши миллӣ хабар додаанд, аммо аз сӯйи мақомот иқдоме рӯйи даст гирифта нашудааст ва онҳо ҳатто намояндаи худро барои баррасии вазъ ба минтақа эъзом накардаанд.

Бадахшон вилояти аз ҳама ноамни шимоли Афғонистон маҳсуб мешавад, ки дар қаламрави он ҳамвора гурӯҳҳои мухталифи тундрав фаъолияти тахрибкорона доранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала