Шонздаҳ нафар сокини Тоҷикистон аз Яман бо роҳи заминӣ ихроҷ шуданд

© AP / Hani Mohammed, FileМардум дар хиёбонҳои шаҳри Саноъ (Яман) 13 апрели соли 2015
Мардум дар хиёбонҳои шаҳри Саноъ (Яман) 13 апрели соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилоъи ВКХ Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз Яман 170 шаҳрванди ҷумҳурии мо берун оварда шуданд ва ҳудуди сӣ нафари дигар тасмим гирифтаанд ин кишварро тарк накунанд.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Гурӯҳи атбоъи тоҷик иборат аз 16 нафар аз Яман бо роҳи заминӣ ихроҷ шуданд, хабар медиҳад сомонаи ВКХ Тоҷикистон рӯзи душанбе.

"16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тарки Яман карда аз марзи Оммон убур карданд ва интизор меравад 13 апрел (соъати 17:00 ба вақти маҳаллӣ) онҳо бояд вориди қаламрави Аморати Муттаҳидаи Арабӣ шаванд", — омадааст дар хабари сомонаи ВКХ.

Ҳамзамон гузориш шудааст, ки ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Қатар 12 апрел бо ҳавопаймои Русия аз Яман 19 нафар атбоъи тоҷик ихроҷ шудаанд.

Сухангӯйи ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ хабар додааст, ки дар маҷмӯъ аз Яман беш аз 170 ҳамватани мо ихроҷ шудаанд. Ба гуфтаи вай, феълан дар ин кишвар 30 нафар тоҷикистонӣ боқӣ мондаанд, ки намехоҳанд Яманро тарк кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президент барои берун овардани тоҷикон аз Яман дастур дод

Дар авохири моҳи март эътилофи байналмиллалӣ ба раҳбари Арабистони Саудӣ алайҳи муътаризон дар Яман амалиёти низомӣ оғоз кард. Ин амр ба дунболи дархости кӯмаки низомӣ аз сӯйи раиси ҷумҳури ин кишвар Абд Раббу Мансур Хади сурат гирифтааст.

Муътаризон ахиран шаҳри Саноъ — пойтахти Яманро таҳти тасарруфи худ дароварда водор карданд, ки раиси ҷумҳур кишварро тарк кунад.

Кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ, бо шумули СММ, шаҳрвандон ва кормандони худро дар пайи ташаннуҷи авзоъ аз Яман ихроҷ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала