Хабарнигори шабакаи телевизонии Русия дар вилояти Донетск мунфаҷир шуд

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксХабарнигори шабакаи телевизионии "Звезда" дар Донбасс маҷрӯҳ шуд
Хабарнигори шабакаи телевизионии Звезда дар Донбасс маҷрӯҳ шуд - Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилоъи Созмони дифоъи хабарнигорон (CPJ) дар соли 2014 шаст нафар хабарнигорон кушта шудаанд, аз ҷумла панҷ нафар зимни иҷрои вазифаҳои ҳирфаӣ.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Хабарнигори шабакаи телевизионии "Звезда" дар Широкино, дар шарқи Украина ба мина бархурд кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Аз ин маводди мунфаҷира, омадааст дар хабар, хабарнигор аз пойҳо ва сари худ осеб бардоштааст.

Ба иттилоъи шабакаи телевизионии "Звезда", хабарнигори бо мина бархӯрда Андрей Лунёв будааст, ки сафари назоратии САҲА-ро ҳамроҳӣ мекард.
"Ҷароҳатҳои вай сангинанд. Почаву сараш осеб дидаанд ва ҳамчунин тибқи азназаргузаронии муқаддамотӣ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.

Гузориш шудааст, ки Андрей миқдори зиёди хунро аз даст додааст", — омадааст дар хабари шабакаи телевизионӣ дар бораи ин ҳодиса.

Ба иттилоъи Созмони дифоъи хабарнигорон (CPJ) дар соли 2014 шаст нафар хабарнигорон кушта шудаанд, аз ҷумла панҷ нафар зимни иҷрои вазифаҳои ҳирфаӣ.

Дар манотиқи даргирӣ дар Украина инҳо кушта шудаанд: аккоси ОИБ "Россия сегодня" Андрей Стенин, наворбардори "Шабакаи аввал" Анатолий Клян, хабарнигори вижаи шабакаи телевизионии Русия Игор Корнелюк ва наворбардор Антон Волошин, аккоси итолиёвӣ Андреа Роккели ва хабарнигор Вячеслав Веремий.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала