Дар Маскав нахустнамоиши коргардони тоҷик баргузор шуд

© Официальный сайт посольства РТ в РФНамоишномаи "Кӯзаҳо чӣ мегӯянд". Сафҳаи сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия
Намоишномаи Кӯзаҳо чӣ мегӯянд. Сафҳаи сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия - Sputnik Тоҷикистон
Нақшҳоро дар нахустнамоиши коргардон Раҳмон Одинаев донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи фарҳанги Москав иҷро карданд.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Намоишномаи "Кӯзаҳо чӣ мегӯянд", ки бар пояи эҷодиёти шоири форсзабон Умари Хайём таҳия шудааст, рӯзи душанбе дар Кохи миллатҳои Маскав баргузор шуд, хабар медиҳад сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ин нахустнамоиши таҳиягар ва коргардон Раҳмон Одинаев дар Маскав буд. Нақшҳоро дар он зикр мешавад, ки донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи фарҳанги Маскав бозидаанд.

Ҳамзамон бо намоишнома намоиши ҳамноми осори рассоми тоҷик Далер Миҳтоҷев баргузор шуд. Осори вай ба фалсафаи зиндагии Хайём бахшида шудааст.

"Тоҷикон ба ҳазинаи зеҳнии тамаддун нақши боризе доштанд, ба ҷаҳон олимони барҷаста, файласуфон, адибон, шоирон ва меъморонро тӯҳфа кардаанд, ки осори онҳо ҷузъи ҷудонашавандаи мероси илмӣ ва фарҳангии тамаддуни ҷаҳонӣ аст. Дар ин бора бояд бештар гуфт, то ҷомеъаи Русия бидонад, ки дар паҳлӯи онҳо намояндагони миллати бузург зиндагӣ ва фаъолият мекунанд", — гуфт зимни суханронии худ дар ин маросим сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.

Зикр мешавад, ки дар чорчӯби ин маросим ҳамчунин намоиши театрии бахшида ба 70-мин солгарди Пирӯзӣ баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала