«Равшан» дар майдони худ аз «Хайр» бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд

© Официальный сайт ФФТ"Хайр" дастаи "Равшан"-ро мағлуб кард. Сайти расмии ФФТ
Хайр дастаи Равшан-ро мағлуб кард. Сайти расмии ФФТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даври дуюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозии дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Хайр"-и Ваҳдат шурӯъ шуд.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб дар майдони худ аз тими "Хайр"-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, иттилоъ медиҳад сайти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Манбаъ менависад, даври дуюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозии ин ду даста оғоз гардид.

Ин бозӣ, ки шоми сешанбеи 14 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури беш аз 15 ҳазор тамошобин баргузор гардид, бо пирӯзии меҳмонон анҷом ёфта, ҳар се тӯб дар қисмати аввал зада шуданд.

Голҳои "Хайр"-ро Мӯҳсинҷон Парпиев дар дақиқаи 10-ум ва Меҳроҷиддин Музаффаров дар дақиқаи 42-юм заданд. Голи "Равшан"-ро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 35-ум ба ҳадаф расонд.

“Хайр”-и Ваҳдат дастаи ССКА “Помир”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод

Ду бозии дигари даври дуюм рӯзи шанбеи 18 апрел байни дастаҳои "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров — "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва ССКА "Помир"-и Душанбе — "Вахш"-и Қӯрғонтеппа барпо мегардад. Ду бозии охирини даври дуюм рӯзи якшанбеи 19 апрел миёни дастаҳои "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан — "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода ва "Барқи тоҷик"-и Душанбе — "Истиқлол"-и Душанбе сурат мегирад.

Бояд гуфт, бо сабаби зиёд шудани теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи сабқати лигаи олӣ, Лигаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии кишвар бо ширкати даҳ даста дар ду давра гузаронда шавад. Дар арафаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар масъалаи маблағгузории бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе ҳал шуд. Ин даста, ки ширкаткунандаи даҳуми чемпионати Тоҷикистон-2015 мебошад, имсол «Барқи тоҷик» ном гирифтааст.

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои чемпионатро, ки аз се давра иборат буд, тағйир дод ва дастаҳо акнун дар ду давра бозӣ мекунанд. Ҳар як даста имсол 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа "Хайр" бо 6 имтиёз аз ду бозӣ дар зинаи аввал аст. Дастаҳои "Истиқлол" ва "Вахш", ки яктогӣ бозӣ анҷом додаанд, мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0