«Истиқлол» дар гурӯҳи худ дар сабқати Ҷоми КФО пешсаф аст

© Фото : Официальный сайт ФФТБозигарони тими "Истиқлол"-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бозигарони тими Истиқлол-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамони секаратаи футболи Тоҷикистон, тими “Истиқлол”-и Душанбе рӯзи чоршанбе дар мусобиқаи гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дастаи “Ал-қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми AFC-ро шикаст дод.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон рӯзи 15 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бар «Ал-Қодсия»-и Кувайт бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард, хабар медиҳад сайти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ин бозӣ бо ҳузури 15 000 тамошобин хеле пуршиддату шавқангез сурат гирифт.

Бозии Истиқлол ва Ал-қодсия - Sputnik Тоҷикистон
“Истиқлол” бозиро бо “Ал-Қодсия” мусовӣ кард

Ба иттилоъи манбаъ, сардовари бозӣ Пратап Сингх (Ҳиндустон) барои дар ҷаримагоҳи меҳмонон афтондани капитани "Истиқлол" Дилшод Восиев ҷаримаи ёздаҳметра таъин кард. Тӯбро нимҳимоятгар Нуриддин Давронов аз пеналтӣ дар дақиқаи 53-юм ба ҳадаф расонд.

Баъди даҳ дақиқа голи дувуми "Истиқлол"-ро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов зад. Вай тӯби ба ӯ ҳавододаи Дилшод Восиевро аз масофаи наздик ба тӯри дарвозаи кувайтиҳо равон кард.

Ба қавли Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол» бозӣ хеле зебо, олӣ ва шавқовару пурмазмун буд.

"Аз номи даста ба мухлисонамон барои дастгириашон изҳори сипос мекунам. Мо ба ин бозӣ хуб омодагӣ дидем ва бачаҳо иродаи қавӣ нишон дода, дар интиҳо ба натиҷаи мусбат ноил шуданд",-илова кард Эргашев. 

Дар бозии дигари даври чоруми сабқати гурӯҳи "С" шаби чоршанбеи 15-уми апрел «Эрбил»-и Ироқ дар майдони худ аз «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби 2-3 шикаст хӯрд.

Баъди натиҷагирии чор даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи "С" "Истиқлол"ва"Ал-Қодсия" бо 7-имтиёзӣ пешсафанд. "Истиқлол" (таносуби тӯбҳояш 7-6) дар ҷойи якум ва "Ал-Қодсия" (5-4) дар ҷои дуввум қарор доранд.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала