Бознишастагон баъди эътироз аз “Амонатбонк” маблағи худро гирифтанд

© Sputnik Амир Исаев"Амонатбонк" дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Амонатбонк дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндаи “Амонатбонк” ба бознишастаҳои эътирозгар хабар дод, ки Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ маблағро ба ҳисоби бонк ирсол кардааст ва нимарӯзӣ пардохти онҳо шурӯъ мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ба бознишастаҳои Душанбе баъд аз эътирозоти онҳо дар назди бинои "Амонатбонк" баъд аз таваққуфи ниммоҳа пардохти маблағро оғоз карданд, менависад  хабаргузории "Озодагон"

"Қаблан мо пардохти ҳуқуқи бознишастагиро ба сурати пешпардохт анҷом медодем ва маблағи Оҷонсӣ дертар мерасиданд. Феълан Оҷонсӣ тавони интиқоли маблағ бамавқеъи маблағро надорад ва мо низ аз пардохти ҳуқуқи бознишастагӣ аз захойири худ худдорӣ кардем", — тавзеъ дод намояндаи раёсати пардохти ҳуқуқи бознишастагӣ ва кортҳои бонкии "Амонатбонк" Ҷӯрабек Акназаров, менависад "Озодагон".

Оҷонсӣ ҳуқуқи бознишастагонро баъд аз он пардохт кард, ки гурӯҳе аз онҳо дар Душанбе ба эътироз баромаданд.

"Нахуст гуфтанд, ки 5 апрели мегиред, сипас 10, баъд 15. Имрӯз аллакай 16 аст, вале пул то ҳол нест", — гуфт субҳ Салим Ҳомидови 68 сола, ки якҷо бо гурӯҳи дигари бознишастагон дар назди бинои Раёсати ҳуқуқи бознишастагӣ ва кортҳои бонкии "Амонатбонк" дар хиёбони Сомонӣ таҷаммӯъ карданд, менависад "Озодагон".

Зикр мешавад, ки дар Душанбе ҳудуди 49 ҳазор бознишаста зиндагӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0