Сафири ИМА бар ин назар аст, ки ба Тоҷикистон чизе таҳдид намекунад

© Официальная страница Посольства США в Душанбе в FacebookСюзан Эллиотт. Акс аз бойгонӣ
Сюзан Эллиотт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муъовини вазири дифоъи Русия Анатолий Антонов қаблан гуфта буд, ки дар марзи Тоҷикистон гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳузур пайдо кардааст, ки ба амнияти ин кишвар ва аъзои дигари СПАД таҳдид мекунад.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Тоҷикистон барои муқобала ба ҳама намудҳои таҳдидҳои террористӣ ва хатароти хориҷӣ омода аст, вале таҳдиди қобили мулоҳизае вуҷуд надорад, изҳор дошт сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбӯъотӣ, менависад хабаргузории "Озодагон".

Қаблан муъовини вазири дифоъи Русия Анатолий Антонов гуфта буд, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳузур пайдо кардааст, ки ба амнияти ин кишвар ва аъзои дигари СПАД таҳдид мекунад.

"Ба амнияти Тоҷикистон хатароти умумӣ аз сӯйи ҷангиёни "Толибон" ва "Ал Қоида" эҳсос мешавад, аммо то куҷо ҳарфҳои намояндагони Кремл дар ин замина дурустанд, бояд аз онҳо пурсид", — гуфт сафири Амрико.

Сарбози рус аслиҳа ва қутрҳои онро аз назар мегузаронад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои мубориза алайҳи ДИ аз Русия кӯмаки низомӣ мегирад

Ҳамзамон, ба гуфтаи Эллиотт, Вашингтон дар ин масъала дар канор нахоҳад истод ва бо Душанбе якҷо барои омӯзиш ва таҳияи артиши тоҷик барои муқобала бо хатароти хориҷӣ талош мекунад.

Дар бораи таҷаммуъи ҷонгиёни ДИ дар марзҳои шимолии Афғонистон мақомоти ин кишвар дар авохири моҳи январ хабар доданд. Ба иттилоъи онҳо дар ин минтақа таҷаммуъи нерӯҳо, аз ҷумла толибон сурат мегирад. ДИ қасд дорад дар ин минтақа маркази бузурги худро таъсис бидиҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала