Комитети ҳифзи хабарнигорони ИМА қатли Олес Бузинаро маҳкум кард

© wikimedia.orgОлес Бузина. Акс аз бойгонӣ
Олес Бузина. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳамоҳангсози Комитет дар умури кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ таҳқиқи сареъи қатли Алес Бузинаро тақозо карда изҳор дошт, ки ин созмон қатли хабарнигори украиниро маҳкум мекунад.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Комитети амрикоии дифоъ аз хабарнигорон қатли хабарнигори украинӣ Олес Бузина дар Киевро маҳкум карда ва аз мақомоти украинӣ дархост кард, ки ин ҷиноят таҳқиқ шавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Хабарнигор Олес Бузина аз сӯйи афроди ношинос рӯзи панҷшанбе дар ҳавлии манзили худ дар Киев кушта шуд.

Ҳамоҳангсози Комитет дар умури кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Нина Огнянова аз мақомоти Украина таҳқиқи сареъи ин ҳодисаро дархост кард.

"Мо қатли Олес Бузинаро маҳкум мекунем ва аз мақомоти украинӣ дархост дорем, ки ин ҳодисаро сареъан таҳқиқ кунанд", — гуфт вай.

Огнянова ҳамчунин аз ҳукумати Украина дархост кард, ки муҷримон муҷозот шаванд ва "фаъолияти хабарнигории Бузинаро ҳамчун омили қатл баррасӣ кунанд".

"Расонаҳои маҳаллӣ ва байналмиллалӣ Бузинаро ҳамчун хабарнигори дорои мавзеъгирии русӣ медонанд, вай матолиб ва китобҳои баҳсбарангезе дар бораи таърихи Украина, бӯҳрони феълии сиёсӣ, аз ҷумла дар бораи даргирӣ дар шарқи кишвар менавишт", — омадааст дар баёнияи созмон.

Олес Бузина аз мавқеъи сегонии халқи рус (малорусҳо, белорусҳо ва русҳои бузург) пуштибонӣ ва ба ин далел худро украин ва рус муъаррифӣ мекард. Вай аз даъватҳо мабнӣ ба федеролӣ шудани Украина, истиқлол вай, дузабонии фарҳанги украинӣ, тавсеъаи забони украинӣ ва русӣ истиқбол мекард. ВКД куллияи омилҳои қатл, қабл аз ҳама омилҳои марбут ба фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии ӯро баррасӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0